Categories Uncategorized

Арабистон сабаби манъи сафари раисҷумҳури Судон ба Эрон

Умар Албашир, раисҷумҳури Судон, ки қарор буд дар маросими таҳлифи Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури нави Эрон ширкат кунад, ба далели иқдоми Арабистон дар бастари ҳарими ҳавоии худ ба рӯйи ҳавопаймои вай, маҷбур ба бозгашт ба кишвараш шуд.

Ба гузориши “www.persian.rfi.fr” , маросими таҳлифи Ҳасан Рӯҳонӣ, ёздаҳумин раисҷумҳури Эрон, ки бо ҳузури мақомоти кишварҳои хориҷӣ баргузор шуд, аммо раисҷумҳури Судон натавонист дар он ширкат кунад.

Аммод Саийд Аҳмад, муовини матбуоти раисҷумҳури Судон ба хабаргузории “Фаронса” гуфтааст, ки мақомоти Саъудӣ ба ҳавопаймои Умар Албашир иҷозаи убур аз осмони Арабистонро надодаанд.

Пас аз ин иқдоми Арабистон, Аббос Ироқчӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Исно” онро мояи таассуф хонд ва гуфт, ки бо вуҷуди ин ки иҷозаҳо қаблан гирифта шуда буд, аммо дар амал аз парвози ин ҳавопаймо ҷилавгирӣ шудааст ва ҳавопаймои раисҷумҳури Судон пас аз муддате парвоз маҷбур шуд ба Хартум, пойтахти Судон бозгардад.

More From Author

You May Also Like