Categories СИЁСАТ

ҲНИТ: Ба фишорҳо ҷавоб хоҳем дод

Қабл аз зуҳри имрӯз, 9-уми июн дар дафтари марказии ҲНИТ ҷаласаи муштараки ниҳодҳои иҷроия ва ситоди ҳизб зери раёсати Муҳаммадалӣ Ҳаит, муъовини раҳбари ҲНИТ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ҳам вориди утоқ гашт.
Дар ҷаласа чандин масъала мавриди баҳсу баррасии ширкатдорони он қарор гирифт, гузориши ду шуъбаи марказии ҳизб: омору назорат ва интихобот аз зумраи онҳо буд, ки зимни муҳокима намояндаҳои шуъбаҳои минтақавии ҳизб фаъолона ширкат намуда, атрофи мушкилоту паёмадҳо, раванди аъзошавӣ ба ҳизб ва баргузории нишасту чорабиниҳои мухталиф, инчунин ҷаласаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ диду назари хешро иброз доштанд.
Тавре масъулини ҳизб ишора намуданд, мушкилсозиҳо ва фишору тавҳинҳо болои ҳизб, албатта, кадом таъсире дар фазои афкори қишри ноогоҳи ҷомеъа расонидаанд, вале устуворию матонати масъулини ҳизбӣ ин ҳамаро бартараф сохта, ҳизб дар ҳадафи хеш порбарҷо мондааст, ҳатто нисбат ба ду моҳи пеш пешравиҳои чашмгире дар фаъолият дида мешаванд.
Феълан, тавре аз изҳори назарҳо маълум мегардад, мушкил дар он аст, ки фаъолияти ҳизб шакли ситодина нагирифтааст, ки воқеъияту оморҳоро ба ҳам биёрад.
Дар шуъбаи суғдии ҳизб мушкилот ва ҳадафҳои нопоки доираҳои алоҳидаро эҳсос мекунанд, вале танҳо дар заминаи фаъолияти фарогир онҳоро хунсо месозанд ва тавре муъовини раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд гуфт, як барномаи фарогири шуъба посух ба он корҳое буд, ки он ҷониб анҷом медод ва хушбахтона, баъди ин гуна барномаҳои фарогир авзоъ дар вилоят ба шиддат тағйир ёфтааст, вале мушкилот дар баъзе аз навоҳӣ ҳоло ҳам боқист.
Муҳиддин Кабирӣ ҳам диду назар ва таҳлили хешро нисбати баъзе омилҳои мушкилзо ва равандҳои номатлуби сохта манзури масъулини ниҳодҳои иҷроияи ҳизб матраҳ сохта, аз ҷумла гуфт, омодаи кор дар шароити нав бояд буд ва масъалагузориҳоро бо назардошти воқеъият матраҳ сохт. Ҳизб бояд барномаи тақвият ва таҳкими ваҳдатро амалӣ намояд ва зимни пиёда кардани сиёсати сабру таҳаммул ва фитназудоиҳо баъзе масъалаҳои сохтаву таҳмилиро бояд гуфт.
Ҳамин тавр, ҷаласа дар заминаи баҳсу баррасии масоили матраҳшуда ва пешниҳодҳо дастуру барномаҳоеро барои як моҳи пеш мушаххас кард.

More From Author

You May Also Like