Ҳамзамон бо чиҳилумин солгарди ихтироъи телефони ҳамроҳ (мобилӣ), корбарони интернет филмеро интишор карданд, ки дар он як зани ҷавон бо телефони ҳамроҳ машғули суҳбат аст. Гуфта шудааст, ки ин филми видеоӣ дар соли 1938, яъне 75 сол пеш сабт шудааст.
Ба гузориши “ал-Арабия”, ин филми видеоӣ бо унвони “Time Traveler in 1938 film” бар рӯйи сайти “Ютуб” қарор дорад.
Бар асоси ин гузориш, ин зан айни замон 92 сол дорад ва дар иёлати Мосачусетси Амрико зиндагӣ мекунад. Яке аз корбарони “Ютуб” ду ҳафта пеш бо қарор додани назаре дар ин саҳифаи сайт иддаъо кард, зани ҷавоне, ки дар филм зоҳир шуд, модарбузурги вай будааст ва дар ҳангоми сабти филм танҳо 17 сол доштааст.
Вай ба нақл аз модарбузурги худ менависад, ширкати “Дупонт”, ки дар он кор мекард, ба ман ва панҷ нафари дигар аз коркунон дастгоҳҳои телефони бесим дод, то барои як ҳафта онҳоро озмоиш кунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбеи оянда шоҳиди ҷашни чиҳилумин солгарди ихтироъи телефони ҳамроҳ аз тарафи дуктур Мортин Купар хоҳад буд.
Ширкати амрикоии “Лост текноложӣ” дар соли 1947 аввалин озмоиши номуваффақро бар рӯйи дастгоҳе, ки баъдҳо ба мобилӣ маъруф шуд, анҷом дод.
Аммо дар саввуми апрели 1947, Мортин Купар, ки ихтироъгари мобил шумурда мешавад, аввалин тамоси телефониро бо василаи ин дастгоҳ анҷом дод, то ин ихтироъ шигифтангез ба номи вай сабт шавад.
Ин филм дар ин ҷо мавҷуд аст, ки хонанда метавонад ин филмро бубинад.