Дориюши Раҷабиён, дар саҳифаи фейсбукии худ аз вазъи нобасомонӣ кишвар ва
муносибати ҳукуматдорон бо ягона ҳизби динӣ дар Осиёи марказӣ (ҲНИТ) навиштааст:
“Ман на мусалмонам ва на узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамин вижагии
ман метавонад мояи танаффури аъзои ҲНИТ аз ман бошад. Ва на танҳо. Анбӯҳе аз мардумони сарзаминам сирфан ба ҳамин далел аз
ман безоранд. Орзуманди рӯзеам, ки диди мо вусъате бештар аз дин дошта бошад,
мавлавигуна бишавад, то ҳамдигарро дар оинаи рӯзгор беҳтар бишиносем.
Вале ман аз ҳеҷ ҳамванди ҲНИТ-е кӯчактарин танаффуре надорам; ҳатто агар орзӯи марги
маро дошта бошад. Якояки ҳамватанони он ҳизбро ҳаммеҳани
арҷманди худ медонам, ба монанди аъзои ҲХДТ, ба ӯ арҷ мегузорам ва ҷонамро хоҳам
дод, то ӯ аз ҳаққи ҳалоли худ барои изҳори назар дифоъ кунад ва бар вифқи муроди
худ бизияд.
Воқеъиятҳои кишварамро мешиносам ва медонам,
ки ҲНИТ дар Тоҷикистон бисёр решадору муҳим аст. Сарфи назар аз тамоми ҷилваҳои
ҳукуматӣ, ҲНИТ ҳаводорони бисёре дорад; чӣ мухолифонаш бипазиранду чӣ на, ҲНИТ як нерӯи ростин аст. Ҳар давлате, ки ин нерӯро нодида мегирад,
кӯр аст. Ва чизе, ки мухолифони сари фармон мекунанд, кандани гӯр аст. Лутфан таваҷҷӯҳ дошта
бошед, ва гӯри давлатро ба дасти худ наканед, дӯстдорони давлат. Мувофиқат
бо баста шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон айни кандани гӯр барои давлати Раҳмон аст. Ин
корро набояд кард, агар ақли салиме боқист. Фардо дер хоҳад шуд. Бисёр дер. Ба ҳадде
дер, ки мо дигар фурсати тармими харобкориҳои худро нахоҳем дошт…
Ин ғалатро давлатҳои бешуморе дар тӯли
торих кардаанд. Ва ҳамагӣ, агар зинда буданд, ин иштибоҳи худро ислоҳ мекарданд,
то ба зуболадонии торих афканда нашаванд. Шумо муртакиби ин ғалат нашавед, то фардо
(чӣ мо бошему чӣ на) пӯшаймон
нашавед!
Сарнавишти Эронро такрор накунед. Ба
садои мардум гӯш бидиҳед, ба боварҳои мардум арҷ бигзоред (дар айни интишори огоҳиҳо
аз ину ону таҳаввулоти ҷаҳонӣ дар ҳар заминае), ва шароитеро фароҳам кунед, то мардум
имкони гузиниш (интихоб) дошта бошанд…Ва аммо нодида гирифтани ҲНИТ сирфан ба бохти
нодидагиранда меанҷомад. ҲНИТ вуҷуд дошт ва вуҷуд дорад. Магар ин ки бихоҳанд ҳамаи
аъзои онро ба сӯи гурӯҳҳои родиколи толибонию доъишӣ савқ бидиҳанд. Агар
ҲНИТ дар Тоҷикистон баста шавад, дари шайтанат боз хоҳад шуд”.