Categories Ахбори рӯз

Аслов дар ҳузури Отамбоев

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи сафари худ, ки эҳтимол мулоқот бо президети Қирғизистонро низ дар назар доштааст, муваффақ ба он шуда, ки Алмосбек Отамбоев ӯро ба ҳузури хеш пазиро бошад ва ӯ зимни мулоқот дидгоҳи хешро нисбат ба дурнамои робита ва муносибатҳои неки ҳамсоягии наздик ба баҳс кашидааст.
Бино ба иттилое, ки дафтари матбуотии ВКХ пахш кардааст, Аслов ва Отамбоев ҳамкориҳоеро, ки ба муносибатҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ дахл доштанд, муҳокима кардаанд ва лозим дониста шудааст, ки тақвият бахшидани ҳамкориҳо тавассути механизмҳои мавҷудаи дуҷониба зарур аст ва пеш омадани масоили баҳсноки марзӣ пайванду алоқаҳои анъанавии ду давлатро, ки дар асоси дӯстӣ шакл гирифтаанд, бояд халалдор насозанд.
Дипломати аршади тоҷик дар доираи сафари хеш ҳамчунин бо сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ҳам дидору мулоқотҳое доштааст ва дар мулоқот бо Отамбоев, сарвазири Қирғизистон аз коҳиш пайдо кардани тиҷорати дуҷониба изҳори нигаронӣ шуда, таъкид бар сари истифодаи матлуб аз имкониятҳои васеъи мавҷудаи ду кишвар шудааст.
Чунин ба назар мерасад, ки қасд аз сафари ҷаноби Аслов ба Бишкек эҳтимол расонидани мавқеъи Душанбе нисбат ба авзоъ ва масоили баҳсии марзӣ бошад.

More From Author

You May Also Like