27
июни соли 1997 бо имзои Созишномаи сулҳ
байни ҳукумати даври Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи тоҷик дар Маскав
аз идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ шуд. Ба таҳлили баъзе аз
коршиносон аз 80 то 100 ҳазор нафар қурбонии ин ҷанг шуданд. Дар ҳоли ҳозир
бояд эътироф кард, ки мувозинате, ки дар он ҳангом байни мухолифин ва ҳукумат бо
мушкилоти зиёд дар қаламрави нооромтарини минтақаи Авруосиё ба даст омад, аз байн бурда шуд. Зимомдорони
Душанбе комилан ҳукуматро ғасб карда, бо берун кардани мунтақидони худ, аз
ҷумла ҷонибдорони Исломи мӯътадилро дар як тангнойи сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ қарор доданд…
Тоҷикистон
дар остонаи муташанниҷ шудани вазъият ва шиддат ёфтани фаъолияти ифротгароёни
исломӣ, пеш аз ҳама ҷангиёни ДИИШ, ки рӯз ба рӯз шумораи онҳо аз ҳисоби
ситамдидаҳо ва таҳқиршудагони мусалмон ба дасти ҳукуматҳои яккаҳукмррон ва
ҷаббори минтақа дар ҳоли бештар шудан аст.
Чӣ
гуна метавонад Русия аз ин тарзи инкишофи вазъият ҷилавгирӣ ба амал орад, зеро
Русия зомини аслии оромӣ ва амният дар Тоҷикистон аст ва пойгоҳи низомии Русия
бо 8 ҳазор аскар дар ин кишвар қарор дорад?
Агар
ба суханони Николай Патрушев дабири Шӯрои амнияти Русия дар мусоҳиба ба
“Коммерсант” бо таъкид бар ин ки имкони ҷилавгирӣ аз пайвастани довталабон ба сафи ДИИШ вуҷуд надорад, пас шанси наҷоти
вазъ комилан вуҷуд надорад. Ба гуфти Патрушев сабаби ин дар рафтори дугонаи ИМА
дар мубориза ба муқобили терроризм мебошад, зеро ҳангоме ки ин “гурӯҳ бо низоми
Асад меҷангад аз ҷониби ИМА дастгирӣ мешавад
ва дар зимн дар қаламрави дигар ин гурӯҳ бомбборон мешавад”.
Бо
вуҷуди ин бовар кардан ба ҳамаи он чизе
ки генерал Патрушев мекӯшад, бо ин ҳарфҳо ҷомеаро мӯътақид кунад, мушкил аст.
Ин на танҳо ба он хотир бидуни ба чашм ба ҳамзадан дар
бораи суханони бофтаву сохтаи котиби давлатии пешини ИМА Мадлен Олбрайт
афсонахонӣ мекунад. Масалан, дабири Шӯрои амнияти Русия донистаниҳои худ дар
бораи сарчашмаи пайдоиши ҷунбиши “Толибон”-ро матраҳ мекунад. Маълум мешавад,
ин ҷунбишро “америкоиҳо созмондиҳӣ карданд” зеро “онҳо мудохилаи низомиёни Шӯравӣ
ба Афғонистонро написандиданд ”.
Ба
маълумоти генерал Патрушев, ки дар ҳама ҷо ба хаёлаш америкоиҳо мерасанд, мисли
сенатор Маккарти ним аср пеш, дар ҳама ҷо коммунистҳоро медид, расонда мешавад,
ки “Толибон” дар Афғонистон дар соли 1994 баъди панҷ соли хурӯҷи Шӯравӣ пайдо
шуд ва онҳо на бо Шӯравиҳо, балки бо муҷоҳидини афғон меҷангиданд. Агар яке аз
роҳбарони аслии қудратии Русия, ки барои ҳифзи амнияти кишвар дар дарун ва
берун аз он масъул аст ва ҳамчунин Маскав бар ин назар аст ки СПАД низ дар
қаламрави масъулияташ қарор дорад, чунин
иттилооти ғайривоқеъӣ дошта бошад, пас моро мебояд ки барои вазъи кор дар ин
соҳа изҳори нигаронӣ кунем.
Чанд
муддат қабл, як моҳ пеш, Николай
Патрушев дар ҷаласаи машваратии дабирони Шӯрои амниятии аъзои СПАД дар Душанбе
иштирок кард, ба гуфтае дар самти аслии зарба дар мубориза зидди терроризми
байналмиллалӣ. Низомиёни СПАД як барнома ҷиҳати пешгирӣ аз ҷалби ҷангиён ба
сафи ДИИШ ва рахна кардани аносири онҳо ба қаламрави СПАД-ро қабул карданд.
Вале агар дабири Шӯрои амнияти Русия чунин мешуморад, ки ин кори беҳуда аст ва
амрикоиҳо барои амалӣ шудани ин иқдомот
чӯб зери чархи мо мегузоранд, пас чаро Патрушев сару каллаи моро гаранг
мекунад? Бигузор онҳо худашон амнияти қаламрави масъулияти Русияро таъмин
кунанд.
Иҷозат
диҳед таъкид кунам, ки чандин бор генералҳо ва дипломатҳои мо аз “обкоми
вашингтонӣ” талаб карданд, ки ҳарчӣ зудтар нерӯҳои низомии амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон
хориҷ шаванд. Масалан, чаро аз амрикоиҳо хоҳиш накунем, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла
тоҷикҳо ва дигарон аз Осиёи Марказӣ, ки миллионҳо аз онҳо солҳои дароз дар Русия кор
ва зиндагӣ карда барои хонаводаҳои худашон қути лоямут пайдо мекунанд, кор
кунанд? Зеро дар ин муҳит бештар фаъолияти
ҷалбкунӣ барои довталабона пайвастан ба сафи
нерӯҳои ДИИШ анҷом мешавад. Ҷое, ки барои малакаи ҳирфаии кори амалиётӣ,
байни амниятиҳо, бештар арзиш қоил мешаванд.
Иҷозат
диҳед, таъкид кунам, ки чандин бор генералҳо ва дипломатҳои мо аз “обкоми вашингтонӣ”
талаб карданд, ки ҳарчӣ зудтар нерӯҳои низомии амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон
хориҷ шаванд ва шадидан ва акидан масъала дар бораи он ки Шӯрои амнияти СММ
ҳисобот дар бораи иҷроиши эътиборномаи “афғони”-ро, ки аз ҷониби итилофи
низомии байналмиллалӣ гирифта буд ба ҳама бирасонад? Аммо дар ҳоли ҳозир, дар
бораи ин беҳтар ас,т хомӯш бимонем, зеро ба айбдоркунии худии “як бому ду ҳаво
” бармехӯрем.
Бандҳои
Созишномаи сулҳи Маскав аз соли 1997, ки тибқи он намояндагони ҷониби мухолиф
саҳмияи 30% дар тамоми сохторҳои ҳукуматӣ дошта бошанд ба гӯшаи фаромӯшӣ
супорида шуд. Як идда аз сардорони мухолифин барои муддати бистсола ё бештар аз он бо ҷурмҳои сохта ба зиндонҳо
равона шуданд, ҳатто аз ҷумлаи шарикони Э. Раҳмон, ки барои ба сари қудрат
омаданаш кӯмак карданд, зиндонӣ шуданд.
Ҳамин тариқ исломи сиёсӣ бо аз
даст додани роҳи машрӯъи иштирок дар ҳаёти сиёсии кишвар ва надоштани имкони
мусоид барои риояи суннатҳои исломии хеш омодаанд ба шеваҳои дигари муқовимат
дар муқобили низом гузаранд.
Аммо
бо вуҷуди ҳамаи ин барои роҳбари давлати Тоҷикистон, ки рӯирост дар оянда барои
додани ҳукумат ба писари 27 солаи хеш Рустам Эмомалӣ, раиси Кумитаи мубориза бар
зидди фасоди молӣ омодагӣ мегирад ва ин тарзи ғасби комили ҳокимият ҳам камӣ
мекунад. Баҳонаи муносиб барои ба даст гирифтани ҳокимияти мутлақ, ин мавзӯи
рӯз шудаи мубориза зидди ифротгароии исломӣ шудааст.
Аз
байн бурдани ҲНИТ, ки аз исломи мӯътадил намояндагӣ мекунад, хеле зарур шуд,
ҳукумат бояд душмани бадро “навозиш” кунад, чун бояд ҷониби нек аз хеш нишон
диҳад, зеро бар зидди шарорат мубориза
мебарад. ҲНИТ-и миёнараву бехатар монеъи ин кор мешавад.
Аммо
имкон дорад, ки ин тарзи рафтор оқибатҳои шуми ғайримунтазира дарбар дошта
бошад. Аз даст додани вазъи машрӯъи сиёсӣ ва имкони иҷрои суннатҳои исломӣ
мусалмононро, ба вижа онҳое, ки аз 40 сол камтар доранд ва шоҳиди фоҷеаҳои
ҷанги дохилӣ нашудаанд, дар шароити
мавҷуди нокомии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омодаанд, ба шеваҳои дигари радикалии
муқовимат бар зидди низом водор кунад.
Маскав
тибқи он вокуниши коршиносони наздик ба Кремл бар ин назаранд, ки рафтори
ҳукумати Душанбе номутаодил аст. Дар байни солҳои 1990, ҳангоме, ки собиқ
фармондеҳи саҳроии Фронти халқӣ Э. Раҳмон ҳукуматро ба даст гирифт ва барои
музокира кардан аз худ бе рағбатии лаҷуҷонаро нишон медод, дипломатҳои русӣ бо
миёнаравии Теҳрон иқдомоти ғайриоддӣ анҷом доданд. Анатолий Адамишин, муовини
собиқи Вазорати умури хориҷаи Русия барои барқарор намудани робита бо роҳбарони
мухолифони тоҷик ба пойтахти Эрон сафар кард. Ислом Каримов, Президенти Узбекистон,
ки саҳми калидӣ барои ба сари қудрат расидани Э. Раҳмонро дошт, ба таври
ногаҳонӣ як иқдоми расмӣ анҷом дод. Аз раванди ҳаводис ӯ мӯътақид шуд, ки
бидуни иштироки мухолифини тоҷик дар давлатдорӣ сулҳу оромӣ ба даст нахоҳад
омад ва ба таври ғайримунтазира яке аз роҳбарони олирутбаи ИНОТ Акбари
Тураҷонзода ва ҳайати ҳамроҳонашро ба Тошканд даъват кард.
Ҳаминтавр
бист соли пеш омодагӣ барои музокираҳои байнитоҷикон оғоз шуд. Аммо дар ҳоли
ҳозир дар Кремл мутаассифона дарк накарданд, ки агар ҳаққи воқеъии мунтақидони
Раҳмон барои иштирок дар қудратро эътироф накунанд, оқибатҳои он ғайриқобили
пешбинӣ хоҳанд буд. Вале ин дигар дар суннати Кремлии барқарор кардани робита бо
ҳар гуна мухолифин дар қаламрави кишварҳои муштаракулманофеъ нест. Русия нақшро
фақат барои зӯргӯён қоил аст, такрор ба такрор дӯст доранд таъкид кунанд, дар Маскав,
болои онҳое, ки воқеъан вазъиятро зери назорат доранд .
Ин
рӯшан аст, муносибат бо мухолифини он ҷо ин як тасвири сохтагии муносибати
ҳокимияти мебошад, ки дар муқобили мухолифини ватанӣ худро қариб як низоми
муқаддас мешуморанд ва ба қавли Путин барои чизе посухгӯ нестанд. Вале агар дар
ҷое, ки асари онро мушоҳида карданд, пас инҳо “майдан” ё “инқилобҳои рангӣ”
мебошанд, ки Америка онро сармоягузорӣ
ва Виктория Нуланд онро тарбия мекунад.
Аз www.slon.ru