Генерал Ато Муҳаммад Нур, яке аз муҷоҳиддини Афғонистон, раиси умумии Шӯрои иҷроияи Ҷамъияти исломии Афғонистон ва волии Балх аз вуҷуди тақаллуб дар интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон, ки рӯзи 14 июн даври дувуми он баргузор гашт, бо маҳкумият аз тақаллубу хиёнат ба раъйи мардум, вале бо арҷгузорӣ аз ширкати шарҳвандон дар интихобот дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, «заҳамот ва фидокориҳои бедареғи шумо дар тамсили раванди демократия ва мардумсолорӣ – интихобот, камоли сипос ва қадрдонӣ намоям. Шумо, мардуми азиз ва наҷиб, бо вуҷуди ҳама таҳдидҳо ва фишорҳои душманон аз таҳаммули қатъ кардани ангуштони арғувониатон то шаҳодат ва қурбониҳои фаровон ба пойи сандуқҳои раъй рафтед ва дар канори эҳтиром ба раванди мардумсолорӣ роҳбарияти сиёсии хешро баргузидед. Ман қаблан аз ҳамаи шумо бобати ширкат дар ин барномаи миллӣ сипосгузорам».
Дар ҳамин ҳол, устод Ато Муҳаммад Нур ҷиҳати ҳувайдо будани мақосиди ба бероҳа кашидани фароянда ҳаракати миллиро аз ҷониби ахшоси маълум таъкид намуда, навиштааст, ҳузури густурдаи мардум дар даври аввали интихобот ва мушаххас будани барандаи он ки бетардид тими «Ислоҳот ва ҳамгироӣ» буд, шуморе аз ҳалқаҳои муайян ба наҳве ба иродаву сарнавишти мардум ҷафо карда, интихоботро амдан ва муҳандисишуда ба даври дуввум кашониданд».
Ин амалро волии Балх садама ба рӯҳияи мардум дониста навиштааст, дар идомаи дастдарозиҳо ин бор ҳамон доираҳо бо дастбурд ва тақаллуби сареҳу ошкор дар орои мардуми Афғонистон талош доранд, кишварро ба сӯйи як буҳрони домангир бикашонанд ва бақои қудрати хешро барои чанд рӯзе аз роҳҳои ғайримашруъ ҳосил кунанд.
Бо он ки генерал Ато Муҳаммад Нур навиштааст, мардум аз тақаллуб огаҳ аст, афзудааст, ки «пеш аз интихобот мардуми шарифи Пактиё ва Майдони Вардак дуздони раъй ва иродаи мардумро бо сандуқҳои пуршуда ба нафъи як номзад дастгир намуданд ва бо вуҷуди дахолати бархе аз масъулони ҳукумат тақаллубкорон аз ҷанги мардум муваффақ ба фирор нашуданд. Ба зудӣ ин мавзӯъ бо намояндагии СММ ва комиссияҳои интихоботӣ шарик сохта шуд. Шумо гувоҳ будед, ки ман ин мавзӯъро дар нишасти хабарии худ, дар оғози лаҳазоти рӯзи 14-уми июн бо мардум шарик кардам, аммо боз ҳам посухе ҷуз сукут наёфтем».
Ба андешаи ӯ, бетаваҷҷуҳӣ дар посдорӣ аз орои мардум дар канори тақаллубҳои густарда, на танҳо марги демократияро дар қибол дошта, балки мояи ноумедии мардумро нисбат ба ин раванд низ фароҳам кардааст. «Шавоҳиду мадорик нишон медиҳанд, ки дар даври дувум дар 8 вилояти кишвар тақаллубҳои калону муҳандисишуда, дар ҳудуди 20 вилоят ба миқёси мухталиф ба нафъи як номзади мушаххас дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҳукуматӣ ва кормандони КМИ тақаллуб сурат гирифтааст ва бад-ин тартиб ҷанозаи мардумсолориро бар дӯш кашиданд», менависад ӯ.
Дар манбаъ, ҳамчунин навишта шудааст, «сатҳи тақаллуб дар шуморе аз вилоёт ба ҳадде баланд, ҳатто наздик ба ҷамъияти маҷмӯии он вилоят аст, ки ин амр хиради тақаллубкорро зери суол бурда, сабаби бадномии вилоёти мазкур шудааст, ки аксуламали бузургони ин манотиқ тайи нишастҳои расмӣ ва расонаӣ дар чанд рӯзи гузашта исботи ин амр аст. Яқинан мо худро дар посдорӣ аз орои ҳақиқии он идда аз вилоятҳо низ вазифадор медонем.
Виҷдонҳои мурда дар комиссияҳои интихоботӣ ба ҳадде дар худ фурӯ рафтаанд, ки бо шоҳид дастгир шудани Зиёулҳақ Амирхел, раиси Дабирхонаи КМИ бо ду сабукрави пур аз маводи интихоботӣ ва баргаҳои раъйдиҳӣ тавассути пулиси Кобулро сӯитафоҳум мехонанд. Бо вуҷуди ибрози назари аъзои комиссияҳо, ки амалкарди Амирхелро ғайриқонунӣ хонданд, ҷаноби Нуристонӣ, раиси КМИ дар ҳолу ҳавои дигар, бидуни ягон асноди ҳуқуқӣ ва қонунӣ онро аз реша рад мекунад. Магар инҳо чашм надоранд ё мардумро кӯр пиндоштаанд? Дар ҳоле ки ҳамаи ин амалҳо зидди манофеъи миллӣ буда, масолеҳи умумии кишварро чизе ҷуз хиёнат ба мардум ва бозӣ ба сарнавишти он намедонам».
Ҳамзамон Ато Муҳаммад Нур ҷиҳати воқеи нишон додани ширкаткунандагон шак карда, менависад: эълони 7 миллион ширкаткунанда дар даври дувумро низ пешзаминае барои сафед кардани тақаллуб мешуморам, дар ҳоле ки нозирони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, ниҳодҳои назораткунандаи интихобот, расонаҳои муътабари байналмилалӣ, мардуми Афғонистон, ҳатто шуморе аз аъзои КМИ ширкати мардумро дар даври дуюм ба маротиб камтар аз теъдоди даври аввал медонанд. Аммо оқои Нуристонӣ ҳанӯз бар ширкати беш аз 7 миллион интихобкунанда таъкид меварзад, ки ин худ баёнгари тақаллубкорӣ ва муҳандисӣ дар орои мардум аст.
Баҳси ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимоят аз ҳаққи мардум дар чунин вазъият қобили тааммул аст. Кишварҳои ҷаҳон, ки ба посдорӣ аз демократия дар ин кишвар уҳдадоранд, агар наметавонанд посдори демократия бошанд, ҳадди ақал асли бетарафиашонро ҳифз кунанд.
Ахиран, Ато Муҳаммади Нур дифоъ аз раъйи мардумро ҳаққи худ дониста, менависад: дидгоҳи ман барои бурунрафт аз бунбасте, ки омили он шуморе аз баставу ҳалқаҳои мушаххас ҳаст, дар ин се нукта нуҳуфтааст:
1. Музокира ва гуфтугӯ бо ҷаноби раисиҷумҳурии кишвар, муъовининаш, комиссияҳои шикоёт ва интихобот, намояндагии СММ ва дӯстони ҷаҳонии мо.
2. Даст задан ба нофармонии маданӣ ва рехтан рӯи ҷодаҳо ба сурати густурда ва фарогир дар сартосари кишвар, то замони дастёбӣ ба ҳуқуқи мардум ва баргардонидани раванди шаффофи мардумсолорӣ.
3. Гузинаи ниҳоӣ барои ҳифзи манфиъати миллӣ ва кишвар дар сурате гирифта мешавад, ки ба ду гузинаи аввалӣ посухи мусбат ироъа нагардад ва ба хостаҳои мардум таваҷҷӯҳ нашавад. Гузинаи сеюм метавонад шомили ҳар гуна иқдоме барои дастёбӣ ба ҳуқуқи мардум бошад.
Омилони натиҷаҳои ин гузинаҳо касе ҷуз онҳое нахоҳанд буд, ки имрӯз ҳаққи машруъи мардумро дар қабзаи хеш ба гаравгон гирифтаанд ва раъйи поки мардумро бо орои нопок якҷоя мешуморанд, то қудратро аз роҳҳои номашруъ ва тақаллубӣ ба даст бигиранд. Бо он ки ин ҷамъи таққаллубкорон борҳо барои ширкат дар ҳукумат ба мо муроҷиат кардаанд, аммо ба ҳеҷ сурат намехоҳем раъй ва иродаи воқеъии мардумро бо маслиҳатҳои номашруъ ба муомила бигирем.
Лозим ба зикр аст, ки тасмими дастаҷамъона ва ниҳоии раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон ва тими “Ислоҳот ва ҳамгароӣ” болои мо нофиз хоҳад буд.
Мо барои посдорӣ аз ҳуқуқи мардум то пойи ҷон истодагӣ хоҳем кард.