Categories Ахбори рӯз

Афв, беҳтарин ҳадия Истиқлолият

Имрӯз, 19 август намояндагони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни афвро қабул карданд.

Сайдумар Ҳусайнӣ намояндаи ҲНИТ дар парлумон гуфт, ки «имрӯз дар парлумон муҳокимаи васеъи ин қонун сурат гирифт ва прокурори генералӣ суханронии муфасале кард. Бояд бигӯям, ки танҳо касоне маҳкуми ҳабси абадӣ гаштаанд шомили афв нестанду халос. Ба ҷуз онҳо дигар тамоми маҳбусон шомили онанд, вале дараҷаи шумулияти онҳо фарқ мекунанд. Тибқи ин қонун беш аз 15 ҳазор нафар маҳбусон шомили он мегарданд. Зиёда аз 4 ҳазор нафар маҳбусон бо моддаҳои ин лоиҳа мувофиқат карда, ба озодӣ мебароянд. Инчунин беш аз 2 ҳазор нафаре, ки ҷинояти ғайримаҳбасӣ доранд, бештар аз 250 зан ва зиёда аз 100 ноболиғ низ пурра афв мешаванд». Мазкур иброз дошт, ки чандин ҳазори дигар вобаста ба он бандҳои мушаххас ва дараҷаи ҷиноят шомили афв мешаванд. Баъзеяшон аз се як ҳисса, баъзеи дигарро ду ҳисса кам мешавад. Хулоса, ахиран ҳамон касоне, ки дар ягон моддаи афв наафтидаанд ва ҳабси абадӣ нестанд ками кам ду сол аз муҳлаташон кам карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки тарҳи қонун «Дар бораи афв» ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳия шуд ва акнун баъди дар расонаҳои давлатӣ чоп шудани матни он ҳукми қонунӣ мегирад. Муҳлати амалӣ шудани қонуни мазкур се моҳ муайян шудааст.

More From Author

You May Also Like