Categories Ахбори рӯз

Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон

Бо ташаббуси Шуъбаи ҷавонон ва варзиши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зуҳри рӯзи шанбе, 15-уми ноябри соли ҷорӣ соати 14:00, мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб ва вакили МН бо ҷавонон ва аъзову ҷонибдорони ҳизб дар толори калони қароргоҳи марказии ҳизб баргузор хоҳад шуд.

Дар ин мулоқот вазъи кишвар ва минтақа, ба вижа масъалаи интихобот ва ифротгароӣ ва алоқа байни ин ду баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.

Ширкат дар ин вохӯрӣ озод буда, ба шакли савтӣ аз тариқи интернет мустақим пахш хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like