– Мегӯянд 87%и мардуми Тоҷикистон аз фаъолияти ҳукумат розӣ нестанд, ту чӣ?
– Пас аниқ аст, ки 13%и дигар шабу рӯз дар назди телевизионҳои ҳукуматиянд.
– Мегӯянд 50%и аҳолӣ аз бемории фишори хун ранҷ мебаранд, оё ин рост бошад?
– Инаш айби ҳукумат нест, чойи кабуд аз Хитоӣ меояд.
– Баъди ғолиби сол эълон шудани «Равшан» миёни дигар тимҳои футбол, дар бозии охир бо «Энергетик» ва бохти пай дар пайи «Истиқлол» чӣ хоҳад шуд?
– Лимити барқ яктараф истад, аз ин баъд барои мардум комилан қатъ мешавад. Дуввум ин ки бозигарони «Равшан» дастаҷамъона ба муҳоҷират равона мешаванд.
– Фарқ миёни Амрико ва Тоҷикистон асосан дар чист?
– Демократия дар он ҷо ҳаст, вале идомаашро омада аз мо биомӯзанд.
– Фарқ миёни Русия ва Тоҷикистон чӣ?
– Дар он ҷо муҳтоҷи муҳоҷирони тоҷиканду дар ин ҷо муҳтоҷ ба хитоиҳо.
– Дар Тоҷикистон кадом қонун аҳамияти хос дорад, ки аз ҷониби қонунгузор тавсия шудааст?
– Муҳимтарин қонун ҳамонест, ки вуҷуд надорад ва тавсияи ишон низ ҳамин аст, ки агар ҳамин гуна қонун мебуд, худашон онро риоя мекарданд.
– Оё неругоҳҳои барқӣ кадом иртиботе бо зиндониён доранд?
– Аз аввалӣ барқ мегиранду дар дуввумиҳо сарф мекунанд.
– Фарқ миёни «Роғун» ва қонуни танзим дар чист?
– Фарқе надоранд, унаш барои пул кор кардан, инаш ҳам.
– Чаро тоҷикҳо занонро бо лақаби ҳукумат меноманд?
– Чун эҳтимоли тағйир доданаш хеле душвор, ҳатто амри маҳол шудааст.
– Дар кадом ҳолат дилу нияти бади тоҷиконро мушоҳида кардан мумкин аст?
– Ҳамон ҳолате, ки як тифли бегуноҳро садқа шуда дуъо мекунем, тезтар калон шавӣ ва Худо туро ҳам ба ин рӯз бирасонад.
– Қадом суруди тоҷикиро бештар дӯст медорӣ ва онро пайваста гуш мекунӣ?
– Як оҳанг буд, хеле дӯсташ медоштам ва ҳамеша онро гӯш мекардам, аммо басаш кардам. Ин суруд охирон бор бо забон ва овози артисти нав садо дод, ки «Тоҷикистон!!! Ту аз мааааааниииии».
– Кадом хешованд ё азизеро ҳангоми ҷанги солҳои 199297 аз даст додӣ?
– Ҳангоми ҷанг не, аниқтараш баъди ҷанг, се тобути хешовандонамро аз Русия оварданд, як нафари дигараш ҳамин ҷо дар зиндон худро бо «утук» сӯзонд, дигараш худро аз тирезаи милисахона ба поён андохт.
– Мегӯянд 60%и депутатҳои порлумон ҳангоми хоб рафтан хӯрок мекашанд, рост бошад?
– Инаш бахайр аст, 40%и боқимонда дар бедорӣ хӯрок мекашанд.
– Чӣ далел дорӣ, вақте мегӯӣ дар Тоҷикистон тинҷиву амонист?
– Оё намебинӣ, ки мардум ҳангоми ба милисахона рафтан дудила мешаванд?
– Чӣ ҷавоб дорӣ, ҳангоме мепурсанд, ки ин умри дарозро ба чӣ корҳо сарф кардӣ ва дар куҷоҳо гузашт?
– Як қисмаш дар Русия, қисми дигараш дар ватан. Қисми аввал ғарибиву азоб…, қисми дуввум низ аз аввала чандон фарқ намекард. Аксари он дар кӯчаҳои Душанбе гузашт, дар интизории он, ки ҳокимон кай мегузаранду роҳ боз мешавад, кай сӯбҳ мешавад, то рушаниро бинам.
– Чаро мардуми Тоҷикистонро аз ҳад зиёд хуб ва оромy сабур номида, ба қирғизҳо монанд намедонанд?
– Чунки қирғизҳо ҳушёранд, мо ҳанӯз чӣ фарқ доштани давлату ҳукуматро сарфаҳм нарафтаем.
– Оё фарқ миёни артиш (вазорати дифоъ) ва милиса (вазорати дохила) дар чист?
– Артиш барои саркӯб кардани душманони хориҷист, милиса барои саркӯб кардани худи мо.
Аз Фейсбук