Categories Ахбори рӯз

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба 41-умин солгарди ҲНИТ

Имрӯз дар шуъбаи ҳизб дар вилояти Суғд бахшида ба 41 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот ва шашка баргузор гардид, ки дар ин озмун аз 6 ноҳияи ин вилоят хоҳишмандон иштирок карданд.
Илҳомҷони Ёқуб, раиси шуъбаи ҳизб дар вилояти Суғд гуфт, дар мусобиқаи шоҳмотбозӣ ҷойи аввал ба Муҳиддин Нодиров, аз ноҳияи Масчоҳ насиб гардид. Ҷойи дувум ба Додоҷон Ёқубов ва ҷойи сеюм ба Фаррух Раупов, сокинони шаҳри Хуҷанд сазовор дониста шуд.
Дар намуди бозии шашка бошад, ҷойи якум ва дуюм ба Ҳасанҷон Усмонов ва Муродҷон Усмонов, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров насиб гашта, Мирзоалӣ Мирзошарипов, сокини ноҳияи Ашт мақоми савумро касб кард.
Дар ахир ба ғолибони мусобиқа ҷоизаҳо тақдим гаштанд.

More From Author

You May Also Like