Бино ба иттилоои Оҷонсии давлатии омор то 1 апрели соли ҷорӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон 7 миллиону 562 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тибқи иттилоои ин сарчашма дар семоҳаи аввали соли 2010 дар Тоҷикистон 53 300 кӯдак тавлид ёфта, 8200 нафар, бо шумули тақрибан 800 кӯдаки синни яксола аз олам даргузаштаанд. Дар нишасти СММ ахиран вобаста ба зиёдшавии аҳоли коршиносони ин ниҳод пешбинӣ намуданд, ки аҳолии Тоҷикистон то соли 2025 ба 11, 8 миллион нафар мерасад.
Categories
Ахбори рӯз