Қарор гузоштем барои хонандагони огоҳи сомона дар бораи бисёрҳизбӣ ва таърихи аҳзоб дар кишвар силсиламақолаҳоеро аз таърихнигори чирадасти кишвар Нуралии Давлат пешкаш намоем. Ин аввалин мақола аз ин силсила аст.
Ширкати формалӣ
Тоҷикистон дар арафаи интихоботи навбатии парламентӣ қарор дорад. Чунон ки қаблан расман эълон гардид, имсол интихоботи вакилони мадумӣ рӯзи 1 март баргузор мегардад,
Дар моҳи декабри соли гузашта аҳзоби сиёсии кишвар омодагии худро ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ эълон намуда, Анҷуманҳои худро доир карданд ва рӯйхатҳои ҳизбии худро ба Комисияи марказии интихобот пешниҳод карданд.
Ҳамин тариқ¸ ҳизби ҳоким, яъне ҲХДТ, ҲНИТ, ҲСДТ дар рӯйхатҳои ҳизбии худ 28 нафарӣ, Ҳизби коммунист ва Ҳизби аграрӣ 15 нафарӣ, Ҳизби сотсиалистӣ 7, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 6 ва ҳизби Демократ 4 нафариро дар рӯйхатҳои худ сабт карданд.
Тибқи қонуни мавҷуда, аз рӯйхатҳои ҳизбӣ то 22 нафар имкон доранд, ки вакил интихоб шаванд. Дар шароити кунунии Тоҷикистон, бидуни шубҳа, чунин имконро танҳо ҲХДТ дошта метавонад.
Ҳамин ҳоло дар парламенти Тоҷикистон 55 нафар аз ҲХДТ буда, беш аз 85 фоизро ташкил медиҳанд. Чанд ҳизби дигар, ба шумули ҲНИТ, 2 ё 1 мандатиро соҳибанд. Аммо азбаски дар парламент сухани асосиро аксарият мегӯяд, дар ҳама тасмимгириҳо ҳарфи аввалро ҲХДТ мезанад.
Шояд дар интихоботи қариб-улвуқӯъ аҳзоби дигар якчанд курсигиро соҳиб шаванд, зеро мавқеи онҳо равшан аст ва тақрибан ҳеҷ гоҳ аз иқдомҳову қарорҳои ҳукумат интиқод накардаанд. Аслан бигирем, аз интихобот то интихобот садои онҳо намебарояд, гӯё, ки вуҷуд надошта бошанд.
Аммо ду ҳизби мухолиф, яъне ҲНИТ ва ҲСДТ, аллакай зимни тайёрӣ ба баргузории Анҷуманҳои худ гирифтори мушкилӣ шуданд. Ба иборати дигар, аҳзоби мухолиф дар пойтахт барои гузарондани маъракаҳои муҳими сиёсии худ толор пайдо накарданд.
Дар натиҷа, ҲНИТ маҷбур шуд, ки Анҷумани ҳизбиашро дар дафтари худ, ки толори бузург дорад, доир кунад. ҲСДТ низ Анҷуманашро дар дафтари худ доир кард, аммо дафтари ин ҳизб, ки дар бинои истиқоматӣ ҷойгир асту толораш хеле хурд аст, ҳатто ҳамаи вакилонро ҷо дода натавонист.
Ҷои тазаккур аст, ки дар 2 интихоботҳои гузаштаи парламент ҲНИТ 2 курсигиро соҳиб шуда буд. Ҳоло гуфтан мушкил аст, ки дар интихоботи қариб-ул-вуқӯъ ин ҳизб соҳиби чанд мандат мешавад ё намешавад, зеро фишорҳо аз болояш дар ин чанд соли охир хеле зиёд буданд.
Аммо ҲСДТ сарфи назар аз фаъолияти беш аз 15 солааш дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ягон бор соҳиби ягон курсии депутатӣ нашудааст, Танҳо як бор намояндаи он Шокирҷон Ҳакимов ба даври дуюм дар шаҳри Конибодом гузашт.
Он вақт бархе коршиносон ҳадс зада буданд, ки шояд Ш. Ҳакимов пирӯз шавад, аммо ӯ низ барандаи сабқати сиёсӣ нашуд.
Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки имкони ба даст овардани мандати депутатӣ аз ҷониби намояндагони ҲСДТ дар интихоботи дар пешистода низ хеле кам аст.
Нуктае, ки бояд ин ҷо зикр шавад, ин аст, ки ширкати аҳзоби сиёсӣ дар интихоботҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таърихи зиёд надорад.
Ҳарчанд ки ин пешниҳод ҳанӯз дар даврони шӯравӣ садо дода буд, ки бояд парламенти Тоҷикистон 2 палатагӣ шавад ва ба ҳизбҳо иҷозаи ширкат дар интихоботҳо дода шавад, ҳукуматдорони кишвар ба ин розӣ намешуданд.
Ин пешниҳод аз ҷониби парламенти коммунистӣ пазируфта нашуд. Коммунистони тоҷик ҳатто як сол қабл аз пош ҳӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ бовар надоштанд, ки давлати абарқудрат аз байн меравад. Бинобар ин, мехостанд, ки якатозии ҳизби худро нигоҳ доранд ва қудрати сиёсиро дар дасти худ дошта бошанд.
Тибқи ислоҳоти сиёсие, ки дар Тоҷикистон сурат гирифт, аҳзоби сиёсӣ дар садаи 21 имкон пайдо карданд, ки дар интихобот ширкат кунанд ва рӯйхатҳои ҳизбии худро пешниҳод кунанд.
Сабаби татбики ин ислоҳот худи ҳукумати Тоҷикистон набуд. Ин талаби замон буд. Яъне Тоҷикистон худро ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон дошт ва ҳозир шуд, ки сохтори сиёсии худро ба стандартҳои мавҷудаи байналмилалӣ мутобиқ кунад.
Аз ҷониби дигар, ин фишори созмонҳои бонуфузи хориҷӣ ва кишварҳои абарқудрат низ буд, ки ба Тоҷикистон ҷангзада қарз медоданд ва ин қарзҳо ҳамеша талабҳои сиёсӣ доштанд.
Мақсад талабҳо ҳарчанд ошкор гуфта намешуданд, ҳарчӣ зудтар аз зеҳни мардум тоза кардани принсипҳои давлати коммунистӣ дар бораи таълиму табобати ройгон ва ғ. буд.
Ин кор дар тамоми собиқ лагери сотсиалистӣ дар ҷаҳон татбиқ гардида буд, аммо дар Тоҷикистон ба сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дертар сурат гирифт. Ба гузашти як 10-15 сол ҳоло чунин ба назар мерасад, ки ҳоло ширкати аҳзоби сиёсӣ дар интихоботҳо ба ҳукми анаъана даромада истодааст.
Бояд тазаккур бидиҳам, ки сарфи назар аз ин, то ҳол маърифати сиёсии қишрҳои ҷомеа дар сатҳи зарурӣ нест. Бархе фикр мекунанд, ки ҳизби сиёсӣ мисли даврони шӯравӣ ва ба монанди Ҳизби коммунист бояд ҳамаи проблемаҳои зиндагии эшонро ҳал кунад.
Ба ин хотир, баъзан садоҳое шунида мешаванд, ки агар ин кор сурат нагирад, онҳо узвияти худро дар ин ё он ҳизби сиёсӣ қатъ мекунанд. Дар ин маврид, эшон ҳамеша Ҳизби коммунисти даврони шӯравиро мисол меоранд, ки ба ҳама мушкилоти мардум расидагӣ мекард.
Касоне, ки чунин иддао мекунанд, шояд надонанд, ки Ҳизби коммунисти Иттиҳоди шӯравӣ бештар аз як ҳизби сиёсӣ буд, зеро тамоми қудрати сиёсиву иқтисодӣ ва ғ.-ро дар ихтиёр дошт. Он аппарати ҳизбӣ- давлатӣ буд, вале як ҳизби маъмули сиёсӣ вазифаҳои худро дорад.
Ба иборати дигар, ҳизбҳои сиёсӣ на танҳо дар мубориза барои ба сари қудрат омадан иштирок мекунад, балки дар фаъолияти ҳамаи идораҳои давлатӣ дар сатҳҳои гуногун ширкат меварзанд.
Дар тамоми мақомоти интихобӣ, ҳам дар марказ ва ҳам маҳалҳо (президентҳо, парламентҳо, шуроҳои маҳаллӣ ва ғ.) аҳзоби сиёсӣ мустақим ширкати меварзанд. Маҳз онҳо номзадҳоро барои мансабҳои интихобӣ пешниҳод намуда, маъракаҳои интихоботиро ба роҳ мемонанд.
Ҳамчунин, аҳзоби сиёсӣ дар таҳия, ташаккул ва татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ширкати мустақим ё гайримустақим менамоянд.
Ҳизбҳои ҳоким тавассути мақомоти роҳбарикунандаи худ, ҳукумат ва парламент дар қабул кардани қарорҳо ва татбики онҳо саҳм мегузоранд. Аммо аҳзоби мухолиф роҳҳои ҳалли алтернативиро пешниҳод мекунанд, ва дар сурати тагйир ёфтани вазъияти сиёсӣ имкон дорад онҳо шомили барномаҳои ҳукуматӣ шаванд.
Бояд гуфт, ки вазифаҳои як ҳизби сиёсӣ ва системаи бисёрҳизбӣ гуногунанд.
Ҳар як ҳизби сиёсӣ дар алоҳидагӣ кӯшиш мекунад ҳокимияти сиёсиро ба дасти худ бигирад ё ба хотири пиёда кардани раъйи интихобкунандагони худ фаъолияти ҳокимияти сиёсиро зери назорат дошта бошад.
Аммо системаи сиёсӣ вазифадор аст, ки аз як ҷониб ваколати раъйи мардумро ба институтҳои сиёсӣ бидиҳад ва аз ҷониби дигар, тавозуни намояндагии гурӯҳҳои пешсафи иҷтимоиро дар мақомоти давлатӣ таъмин кунад.
Биноан, мо бояд миёни системаи бисёрҳизбӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ фарқ гузорем.
Ҳоло, чунон ки пештар зикр кардам, ҳамчун падидаи муайяни иҷтимоӣ, бисёр будани аҳзоб хоси ҳама давлатҳои демократӣ аст ва он аз мавҷудияти ҷомеаи мадании пешрафта гувоҳӣ медиҳад, аммо бисёрҳизбӣ ва системаи бисёрҳизбӣ ду категорияи ҷудогона мебошанд.
Хусусияти фарқкунандаи системаи бисёрҳизбӣ ин аст, ки дар чунин система аҳзоби сиёсӣ дар ташкили ҳукуматҳо ҳам саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, ба ташкил ва баргузории интихоботҳо, раванди ташкили ҳукуматҳо ва фаъолияти онҳо таъсир мерасонад.
Маъмулан ҳукуматҳо дар системаҳои бисёрҳизбӣ эътилофӣ мешаванд, зеро дар интихоботҳои демократӣ барои як ҳизби сиёсӣ пирӯзии мутлақро ба даст овардан кори хеле мушкил аст.
Аз ҷониби дигар, системаи бисёрҳизбӣ ба характери муносибатҳои байниҳамдигарии аҳзоб, ки аз ҳамдигар вобаста мебошанд, низ таъсир мерасонад, зеро ҳукуматҳои эътилофӣ дар ин гуна система масъулияти дастаҷамъонаро ба ӯҳда мегиранд.
Бо дар назардошти муҳимияти ин мавзӯъ, мо тасмим гирифтем, ки дар бахши якуми ин мақола дар бораи мафҳуми ҳизби сиёсӣ, нишонаҳо, вазифаҳо ва бисёрҳизбӣ сӯҳбат кунем.
Бахши дуюми ин мавод ба таърихи таъсиси аҳзоб дар Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ ва замони истиқлол бахшида мешавад.