Categories Интихобот

Раиси ноҳияи Ҳисор У. Сабзов: Ягон нафари шумо дар рӯзи интихобот ба тарафдории наҳзат овоз надиҳед!

Ба таваҷҷуҳи
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ

Раиси бахши ҲНИТ
дар ноҳия Ҳисор ва номзад аз Ҳизби наҳзат ба вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмаднабӣ
Бердиев аз фазое, ки дар рӯзҳои маъракаи пешазинтихоботӣ ҳукумати ноҳияи Ҳисор
эҷод кардааст, изҳори нигаронӣ намуда афзуд, ки 19-уми феврал дар деҳаи Афғонобод
бо дастури раиси ноҳия Сабзов Усмоналӣ ҷамъомаде ба роҳ монда шуд ва аз масъули
бахши фарҳангии мо домулло Меъроҷиддин даъват шуда буд, ки ӯ ҳатман дар ин
ҷаласа иштирок кунад.

Вақте ҷаласа
шурӯъ шуд, масоили муҳими рӯзмарраи мардум яксӯ қарор гирифта, суҳбат бештар
оиди фаъолияти Ҳизби наҳзат рафт. Чун дар он минтақа аъзои наҳзат фаъолияти
худро хеле хуб ба роҳ монда, инчунин
аъзову ҷонибдорони зиёде дорад, ҳукумати ноҳия зарур донист, чунин чорабиниро
маҳз дар ҳамин минтақа баргузор намояд. Табиист, ки мақсад аз баргузории ин
чорабинӣ дар минтақаи мазкур заиф кардани пояҳои фаъолияти наҳзатиҳо мебошад. Раиси
ноҳия ошкоро ба масъули бахши фарҳангии мо домулло Меъроҷиддин бо лаҳни тунд ва
таҳқиромез ишора карда гуфтааст: “Меъроҷ, мардум аз шумо хеле нороҳатанд”. Дар
ҳоле ки домулло Меъроҷиддин синнашон ба ҷое расида, ба
қавле “Аз сиёҳӣ дар чеҳрааш мӯе боқӣ намондааст”. Домулло дар ин ҷаласа ошкоро
гуфтааст, ки ҳоло ману шумо дар ҳузури мардум қарор дорем, агар касе аз мо безор
бошаду шикояте дошта бошад, мо омодаи шунидан ва ислоҳ кардани худ ҳастем.

Ин дар ҳолест, ки
мардум нисбати Домулло эҳтироми хоссе қоиланд.
Сипас раиси ноҳия чанд адад корти ҳизбиро нишон дода гуфтааст, ки ана,
бубинед, инҳо кортҳои аъзои наҳзат мебошанд, ки аз ин ҳизб безорӣ ҷуста, аз
сафи он хориҷ мешаванд. Сипас, раиси ноҳия муроҷиат ба ҳозирини ин ҷаласа карда
гуфтааст, ки ягон нафари шумо дар рӯзи интихобот ба тарафдории наҳзат овоз
надиҳед.

Илова бар ин рӯзи
20-уми феврал муовини раиси бахш Субҳиддин Ҳасанов, ки аъзои комиссияи ҳавза
низ ҳастанд, хабар дод, ки раиси ҷамоати “Сомон” Назриев Абдуфаттоҳ болои
нозирони мо фишор оварданд, ки шумо аз нозирӣ бояд даст кашед. Дар натиҷа се
нафар аз нозирони мо Бачаҷонов Олимҷон, Сайфиддинов Довуд ва Сафоев Шаҳриддин
ночор аз ин масъулияти худ даст кашиданд. Ҳатто барои ин нозирони наҳзатӣ
гуфтанд, кортҳои ҳизбиашонро дар ихтиёри онҳо қарор диҳанд. Вале ба ин талаби
худ муваффақ нашуданд. Хуллас, боз дар
чандин деҳоти ноҳияи Ҳисор таҳдиду фишорҳои гӯшношунид аз тарафи масъулини
давлатӣ таи рӯзҳои гузашта сурат гирифтааст.

Гумон меравад,
раиси ноҳияи Ҳисор Ӯ. Сабзов аз кӯчаи одоб камтар гузар кардааст. Вагарна дар ҳузури мардум як нафаре, ки
воқеан байни мардум обрӯ дорад, “Меъроҷ, мардум аз шумо хеле нороҳатанд”
намегуфт.

Пештар ҳам хабар
дода будем, ки раиси ноҳия Усмоналӣ Сабзов як нафар таблиғгари ҲНИТ-ро “лаънат”
фиристода, дар посух аз он наҳзатӣ “раҳмат” шунида буд.

Ва суол аз раиси
КМИРТ дорем: “Магар раиси ноҳия дар
ҷаласа ҳуқуқ дорад ба мардум дастур диҳад, ки ба Ҳизби наҳзат овоз надиҳед?

More From Author

You May Also Like