“Афғонистонэкспресс” ба хотири тавҳин ба Ислом бахшиш пурсид

Як рӯзнома, ки дар Афғонистон ба забони англисӣ нашр мешавад, ба далели нашри матлабе, ки гуфта мешавад дар он ба дин ва Паёмбар (с) иҳонат шудааст ва вокунишҳои шадидеро ба бор овардааст, расман бахшиш хостааст.

Рӯзномаи “Афғонистонэкспресс” нигоштааст, ки дастандаркорони он ё аз рӯи саҳву ғафлат ва ё ҳам ба далели маҳорати нокофӣ ба забони англисӣ ин мазмунро ба гунаи дуруст ба анҷом нарасонидаанд.

Нависандаи ин рӯзнома дар баробари тавҳин ба дин Қуръонро як китоби куҳна ва хастакунанда унвон кардааст.

Ин навиштаҳо боис шуда, ки тамоми мардум ва хусусан шахсиятҳои маъруфи Афғонистон даст ба эътирозот задаанд. Аз ҷумла Абдурраб Расули Саёф яке аз фармондеҳони шинохта дар вокуниш ба нашри ин матлаб дар сафҳаи фесбуки худ нависандаи ин матлабро “муртад ва бедин” хонда гуфтааст, ки вай ҷумлаҳои густохона ва кофиронаро дар мавриди Худованд ва Паёмбар (с) нашр кардааст.

More From Author

You May Also Like