Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк интизор меравад, ки ҳафтаи ояндаи вориди Душанбе гардад. Оҷонсии Азия плюс бо такя ба манобеи хабарияш иттиллоъ додаст, ки Роберт Блейк рӯзҳои 11 ва 12 апрел ба Душанбе меояд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафараш ин мақоми баландпояи амрикоӣ бо Президент Э. Раҳмон вомехӯрад. Ҳамчунин бино ба иттиллои сарчашмаи мазкур Роберт Блейк дар ҷараёни сафараш бо хабарнигорон мулоқотеро анҷом медиҳад. Иттиллоъ дода мешавад, ки дар рӯзҳои сафари Роберт Блейк ҷаласаи солонаи машваратии Ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико баргузор мегардад.
Categories
Ахбори рӯз