Дар рӯзҳои наздик Вазорати нақлиёт дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи соҳа лоиҳаи қонун «Дар бораи нақлиёти шаҳрӣ»-ро таҳия ва барои тасвиб ба ҳукумат пешниҳод мекунад,-изҳор кард Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёт зимни як ҷаласаи васеъ дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ. Муовини вазир аз мақомоти дахлдор даъват кард, ки дар наздиктарин фурсат пешниҳодҳои хешро омода карда, ба вазорат дастрас намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз нуқсу камбудиҳо дар соҳаи хидмати мусофирбарии шаҳр зиёд буда, бидуни ҳамкориву ҳамбастагии ниҳодҳои мухталифи марбута бартараф намудани онҳо амри маҳол аст.