Атомуҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва яке аз чеҳраҳои калидӣ дар муборизаҳои интихоботӣ ба мақоми президентӣ дар паёми ахир худ аз касоне, ки ба “таҳкими демократия, таъмини адолат ва тавсеъаи мардумсолорӣ бовар доранд”, бо чунин ҳарфе муроҷеъ шудааст: аз ҳамин ҳоло барои оғози “ҷунбишҳои сабз ва норинҷӣ” омода шавед.
Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки ваъдаи эълони натиҷагирии раъйи мардум ба манфиъати доктор Абдуллоҳ, номзад ба мақоми президентӣ нест. Дар ҳоле ки имрӯз, 2-уми сентябр ҳамаи корҳои интихоботӣ натҷагирӣ мешуданд ва тибқи машварату муколамаи ду номзад бо ширкати ҷаноби Каррӣ, котиби давлатии ИМА, ҳар гуна натиҷаи эълони интихоботи президентӣ мавриди қабул қарор мегирифт.
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ