Интишори матолиби мухталиф дар расонаҳои ғарбӣ дар бораи таҳаррукоти мухолифин ва руйдодҳое, ки интишори онҳо хушоянди сарони Осиёи Марказӣ нест, аз ҳамин росто қобили арзёбӣ ва тааммул аст. Дар ин миён он чӣ бештар ҷалби таваччуҳ мекунад, пӯшиши хабарии густурдаи таҳаррукоти мухолифони давлати Тошканд дар дохил ва хориҷи ин кишвар аст, амре ки расонаҳои ғарбӣ то ин дам камтар таваҷҷӯҳе ба он доштанд. Таваҷҷӯҳи ғарбиҳо ба фаъолиятҳои мухолифони ӯзбак дар шароите бештар шудааст, ки дар пайи амалкарди ахири давлати Тошканд дар афзоиши ҳаққи таронзити борҳои Ғарб тавассути қаламраваш ба Афғонистон, ки баъд аз сафари Ислом Каримов ба Брюссел(январи соли равон)чорй шуд ва муҷиби нороҳатии Ғарб гардид, мақомоти Ғарб ошкоро аз ба муҳокима кашидани Ислом Каримов, раисчумҳури Ӯзбакистон барои фишор ба нерӯҳои демократӣ сухан ба миён овардаанд.
Дар ҳамин росто нишасти ахири мухолифони давлати Тошканд дар Берлин ва дигар ҳамоишҳои созмонҳои демократии дар табъиди Ӯзбакистон дар кишварҳои мухталиф, пӯшишҳои хабарии густурда дошт. Албатта, ҳамзамон бо ин илқооте тавассути маҳофили ғарбӣ дар мавриди сирояти ҳаракатҳои мардумӣ аз шимоли Африқо ва Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ сурат гирифт.Дар матолиби ба ин мавзӯъ ихтисосёфта, талош мешуд, амалкарди диктаторҳои арабӣ ва вазъи ҳоким дар кишварҳои шимоли Африқо, ба амалкарди сарони Осиёи Марказй ва авзои кишварҳои ин минтақа қиёс шавад. Яъне ба таври зимнӣ ва ғайримустақим ба сарони Осиёи Марказй паём доданд, ки пояҳои қудраташон дар ҳоли ларзиш аст.
Он чӣ ба иқдомот ва таҳаррукоти мухолифини давлати Тошканд бармегардад, он аст, ки ин нерӯҳо ба таври ҳамзамон дар чанд кишвари аврупоӣ фаъол шуданд. Аммо дар миён он чӣ бештар ҷалби таваҷҷӯҳ кард, нишасти 23-24 майи соли ҷорӣ дар Берлин буд. Дар ин нишаст созмони тозатаъсиси Ҳаракати мардумии Ӯзбакистон барномаҳои худро барои он чӣ сарнагунии давлати Ислом Каримов унвон шуд, баррасӣ кард. Ҳаракати мардумии Ӯзбакистон бузургтарин ниҳоди мухолифон аст, ки иборат аз шаш ҳизб, аз ҷумла ҳизби демократии Эрк, Анҷумани нерӯҳои демократии Ӯзбакистон, созмони “Адолат ва эҳёи Андиҷон”, чамъияти “Иттико” мебошад. Бино ба гуфтаи муассисон, ҳадафи аслии ин ҷунбиш аз тариқи мусолиматомез сарнагун кардани давлати феълии Тошканд мебошад. Нурулло Мақсудов, раиси созмони “Адолат ва эҳёи Андиҷон” ва як тан аз муассисони Ҳаракати мардумии Узбакистон мӯътақид аст, ки таъсиси ин ниҳод сароғози таҳаввулоте созанда дар Узбакистон хоҳад буд. Дар нишасти Берлин Муҳаммад Солеҳ, яке аз дигар мухолифони саршиноси ӯзбак ва раҳбари ҳизби Эрк ба мақоми раиси Маҷлиси муассисон ( ниҳоди олии Ҳаракати мардумии Узбакистон), интихоб шуд
Муҳаммад Солеҳ аз чеҳраҳои матраҳ дар Узбакистон аст, ки дар даҳаи 80-уми қарни гузашта ва дар замони шӯравй ба унвони шоири чавони ӯзбак, ҷунбиши дигарандешонро раҳбарӣ кард ва дар соли 1991, дар нахустин интихоботи раёсатҷумҳури Ӯзбакистон ба унвони довталаб ва рақиби Ислом Каримо, ширкат кард. Бар асоси оморҳои расмӣ, Солеҳ дар ин рақобат мағлуб шуд, аммо ҷавонони ӯзбак ба ин оморҳо бовар накарданд ва ба унвони эътироз ва ҳимоят аз Муҳаммад Солеҳ ба хиёбонҳо рехтанд. Ин тазоҳурот бераҳмона саркӯб шуд ва ба сӯйи донишҷӯён тирпарронй карданд. Ду сол баъд аз ин рӯйдод Солеҳ ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан боздошт ва ҳабс шуд, аммо дар пайи фишори маҷомеи ниҳодҳои байналмилалӣ ба Ӯзбакистон, бо қайди замонат озод шуд ва ба Туркия фирор кард.
Тошканд Солеҳро ба даст доштан дар амалиёти терористии соли 1999, равобит бо Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва тамоилоти исломгароӣ муттаҳам мекунад. Муҳаммад Солеҳ дар муқоиса бо тамоми сарони мухолифи Осиёи Марказӣ бар он аст, ки мухолифатҳои воқеъӣ ва барномарезишуда анҷом диҳад, аз ин рӯ, ба ин манзур тайи се – чор соли ахир дар ҷустуҷӯи пуштибонии молӣ буд. Пирӯзии мухолифон дар Тунис ва Миср, ки тавонистанд диктаторони ин режимҳоро сарнагун кунанд, мухолифони ӯзбакро низ илҳом бахшид ва инак, Муҳаммад Солеҳ аз паногоҳи худ берун шуда. Вай мардуми Ӯзбакистонро даъват кард, ки барои сарнагунии мусолиматомези Ислом Каримов омода шаванд. Дар ростои ин ҳадаф Солеҳ ва ҳаммаслаконаш саргарми таҳияи барномае ҳастанд, ки дар сурати иқдомоти шабеҳи Андиҷон чй тавр тарафдорони худ ва мардумро аз ҷаллодҳои режими Каримов дифоъ кунанд.
Гуфта мешавад, дар чорчӯби ин барнома ташкили тимҳои пинҳонии мудофеъон иборат аз ҷавонон ва дигар қишрҳои чомеъа, созмондиҳии конолҳои иртиботӣ бо тарафдорони худ дар сохторҳои ҳукуматӣ, бавижа дар сохторҳои амниятӣ ва интизомӣ ва артиш, шомили дастури кори мухолифони давлати Ислом Каримов будааст. Бино ба ибрози назарҳои Муҳаммад Солеҳ, ки дар расонаҳои мухталиф мунташир шуданд, вай ҳамфикрон ва тарафдорони худро на фақат дар Ӯзбакистон, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҷустуҷӯ мекунад ва бар ин бовар аст, мухолифони кишварҳои минтақа бояд то ҳадди зиёде барномаҳои худро ҳамоҳанг кунанд. Солеҳ на фақат ҳамчун мухолифи режими Каримов, балки ба унвони пирӯзи мубориза бар ин назар аст: мухолифони Ӯзбакистон оғоз хоҳанд кард, ин ҳаракат ба ҳамсоягон таъсир мекунад, мухолифони ӯзбак бо кӯмаки ҳамсоягон ҳукуматро ба даст мегиранд ва ба мухолифони кишварҳои ҳамсоя кӯмак хоҳанд кард.
Дар мақтаи кунунӣ Ғарб бо диди хушбинона ба барномаҳои мухолифони ӯзбак менигарад, аммо барои кишварҳои ғарбӣ, бавижа созмони НАТО муҳим он аст, ки фаъолиятҳои мухолифони ӯзбак чӣ таъсире бар сарнавишти пойгоҳҳои низомии Ғарб дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбакистон хоҳад дошт. Дар ин росто музокроти ошкору пинҳони намояндагони ғарбӣ бо мухолифони ӯзбак ҷараён дорад, ки ҳеч гузорише аз натоиҷи онҳо мунташир нашудааст. Дар ин миён Ислом Каримов таҳаррукоти худро ҷиҳати ҳифзи қудрат афзудааст. Сафари ахири Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия ба Тошканд руйдодест, ки ду тараф бо таваҷҷӯҳ ба авзои чаҳон ва минтақа ва дар чорчӯби аҳдофи худ ҳозир ба шаклдиҳии сохторе барои ҳифозати режими Ислом Карим шудаанд. Тошканд сарфи назар аз ангезаҳои маскавситезӣ, ба ин ҳақиқат иқрор аст, ки суботу амният дар минтақа ва бақои ҳокимият, бастагиҳои зиёде ба мавозеъи Кремл дорад. Лизо бо пазироӣ аз раисҷумҳури Русия, қасд дорад, замонатҳои лозимро аз Маскав дар мавриди ҳимоятҳои муҷаддад аз мавозеи Тошканд дар қиболи масоили ҳидроэнержии Осиёи Марказӣ ва пуштибонӣ дар сурати вуқӯъи нооромиҳои эҳтимолӣ, касб кунад.