Чӣ ғам девори умматро, ки дорад чун ту пуштибон,
Чӣ бок аз мавҷи баҳр онро, ки бошад Нуҳ киштибон.
Оре, ҳақ ба ҷониби Саъдии бузургвор ин орифи саропо аз камолу маърифат аст. Агар дар кирдор, гуфтор ва рафтори Расули акрам (с) андеша кунем, гуйё, ки мегуяд: ман умматеро бо дастонам мепарварам, ки таърихи ояндаро дар даст хоҳанд гирифт. Ҳақиқат ин аст, ки Расули акрам (с) дар сабру бурдбориҳо бар ногувориҳо ва пойдориву устуворӣ бар ҳақ, итминон ва оромиши дарунӣ ба ҳангоми рӯё рӯи бо нишебу фарози дунё беназир буд ва то рӯзи ҳашр хоҳад монд. Гузашта аз ин дар меҳрубонӣ ва риққати қалб (дилсӯзӣ) ва бузургворӣ бар мақоме фаротар аз мафоҳими ин ҷаҳонӣ қарор дошт.
Худованди меҳрубон дар сураи Нисо ояти 41 мефармояд: “Пас ҳолашон чӣ гуна бошад он гоҳ ки аз ҳар уммате гувоҳе оварем”. Яъне ҳол ва рӯзи кофарон чӣ гуна хоҳад буд он гоҳ, ки аз ҳар уммате алайҳи онон гувоҳе ба майдон оварем? Албатта ин гувоҳон аз касоне ҳастанд, ки онҳоро ба сӯи Худованди меҳрубон фаро хонда ва аҳди илоҳиро ба онон ёдоварӣ кардаанд. Аммо онон дар посух роҳи инкор ва саркаширо дар пеш гирифтаанд. Пас гувоҳон Паёмбарони изоманд, ки дар рӯзи қиёмат бар умматҳояшон гувоҳӣ медиҳанд. “Ва туро бар онон гувоҳ оварем”. Яъне эй Муҳаммад (с) туро бар касоне, ки паёми Илоҳиро бар онон иблоғ кардаӣ, гувоҳ меоварем, то бар муъминон бар эмонашон, бар кофарон ба куфрашон, ва бар мунофиқон ба нифоқашон гувоҳӣ диҳӣ.
Дар ҳадиси шариф ба ривояти ибни Масъуд (р) омадааст, ки гуфт: Расули Худо (с) ба ман фармуданд: “Бароям Қуръон бихон! Гуфтам: ё Расулаллоҳ, (с) ман бар Шумо Қуръон бихонам дар ҳоле, ки Қуръон бар Шумо нозил гардидааст? Фармудаанд: оре! Ман дӯст дорам, ки Қуръонро аз дигарон бишнавам. Пас сураи “Нисо”- ро хондам, то чун ба ин оят расидам: “Пас ҳолашон чӣ гуна бошад, он гоҳ, ки аз ҳар уммате гувоҳе оварем?” ва туро (ай Муҳаммад (с)) бар онон гувоҳ оварем.” Паёмбар (с) фармуданд: дигар кофист. Дар ин асно мутаваҷеҳ шудам, ки чашмони он ҳазрат (с) аз ашк лабрез шуда буд”.
Пас эй бародар бияндеш то он рӯз аз зумраи кадом тоифа ҳастӣ, аз муъминон, кофарон, ё мунофиқон то Паёмбар бар ту гувоҳ диҳад.
Илоҳо бо лутфу карамат моро дар рӯзи ҳашр аз зумраи муъминони содиқу солиҳ бигардон.