Categories МУҲОҶИРАТ

“Россия сегодня”: Мошини таблиғотии ҷадиди Путин

Мунтақидони сиёсатҳои Владимири Путин, раисҷумҳури Русия мегӯянд, роҳандози расонаи азими “Россия сегодня” бо ҳадафи таҳти таъсир қарор додани афкори умумии Ғарб сурат гирифтааст. Мунтақидон ба интисоби мудири омили ин расона низ эътироз доранд.

Мунҳал шудани хабаргузории “РИА Новости” ва радиои давлатии “Голос России”, ки ахиран ба дастури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия сурат гирифт, вокунишҳоро дар пай доштаааст.

Тибқи баёнияи Кохи Кремлин, хабаргузории “РИА Новости” ва радиои давлатии “Голос России” дар расонаи ҷадиде бо номи “Россия сегодня” ба маънои “Русияи имрӯз” идғом хоҳанд шуд.

Мухолифат бо таъйини мудири омили ҷадид

Аз сӯйи дигари интисоби Димитрий Касалев, 59 – сола муҷрии шинохташудаи барномаҳои телевизиюнӣ дар Русия ба унвони мудири омили хабаргузории “Русияи имрӯз” вокунишҳои манфӣ ба дунбол дошт.

Мудири омили расонаи тозатаъсиси “Русияи имрӯз” ҳамчунин ба изҳороти зидди амрикоӣ ва зидди оппозитсиони Русия шӯҳрат дорад.

Ҳарчанд ки дар баёнияи Кохи Кремлин далели мунҳал шудани ду расонаи дигар сарфаҷӯии молӣ унвон шудааст, аммо нашрияи Шпигел онлайни олмонӣ менависад, роҳандозии расонаҳои азим ва супурдани мудирияти он ба шахсе монанди Димитрий Касалев, метавонад паёме барои Ғарб ба ҳамроҳ дошта бошад.

Шпигел онлайн менависад, аз замони оғози эътирозот дар Украина, яке аз барномаҳои собити Димитрий Касалев тамасхур ва ваҳшӣ нишон додани эътирозгарон будааст.

Ба навиштаи ин нашрия, Касалев ҳатто Гидо Вистервелла, вазири хориҷаи Олмонро низ, ки бо ҳузур дар майдони Истиқлоли Киев, ҳимояти худро аз эътирозот дар Украина нишон додааст, ба тамасхур мегирад.

Сарфаҷӯии молӣ ё таъсир бар афкори умумӣ?

На танҳо мунтақидони сиёсатҳои Путин, балки бархе аз шахсони муътамади раисҷумҳури Русия низи ин мавзӯро матраҳ мекунанд, ки таъсиси расонаҳои азим ва таблиғотӣ аз сӯии Путин бо аҳдофи сиёсӣ суратгирифта ва сарфаҷӯии молӣ танҳо як “баҳона” будааст.

Сергей Маров, коршиноси сиёсӣ ва аз наздикони Путин дар ҳамин иртибот мегуяд, раисҷумҳури ин кишвар аз наҳваи мудирият ва интишори гузоришҳои хабаргузории “РИА Новости” ризоят надошта аст ва идеяи матраҳшуда дар ин хабаргузориро мутаассир аз мавзеъгириҳои кишварҳои ғарбӣ медонистаат.

Дар айни ҳол, дар маншури расонаи “Русияи имрӯз” мухотабони ин расона дар хориҷ аз Русия муаррифӣ шудаанд, ки қарор аст аз ҷомеъа ва сиёсатҳои Русияи иттилооти бештаре касб кунанд.

Сергей Иванов, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Русия дар ҳамин иртибот мегуяд: “Русия сиёсатҳои худро дунбол мекунад ва аз манофеъи миллии худ ба таври комил дифоъ мекунад. Тавзеҳи ин матлаб барои дунё кори чандон роҳате нест, аммо мо ҳам метавонем ва ҳам бояд ин корро анҷом диҳем.”

Ин дар ҳолест, ки мунтақидон мегӯянд, Русия қасд дорад бо ин кор мошини таблиғотии азимии роҳ биандозад, ки ҳадафи он таҳти таъсир қарор додани афкори умумии Ғарб дар бораи Русия аст.

РИА Новости, ки қарор аст ҷоии худро ба “Русияи имрӯз” диҳад, фаъолияти худро дар соли 1941 оғоз кардааст. Ин хабаргузорӣ то кунун ба 14 забон, аз ҷумла ба забони форсӣ хабар ва гузориш мунташир мекард.

Манбаъ: Хабаргузории Олмон

More From Author

You May Also Like