Одил бош!

Чанде қабл бо ҷамъе аз дӯстон сари дастархон нишаста будем ва ҳамзамон силсилафилми туркии «Ҳарими султон» аз тариқи шабакаи моҳвораи пахш мешуд. Филм ба замони хилофати Усмонии Туркия мансуб буда, нақши шоҳ Султон Сулаймон аз тарафи ҳунарманди касбӣ ба намоиш гузошта шудааст. Гарчанде филм чандон ба меъёрҳои қавонини исломӣ ҷовобгӯ нест, вале аҳёнан лаҳзаҳое ҷой доранд, ки робитаи зич ба арзишҳои динӣ эҳсос гашта, шукуҳу шаҳомати Исломро дар даврони хилофати Усмонӣ инъикос мекунад.
Дар яке аз лаҳзаҳои ҷолиби филми мазкур Султон Сулаймонро аз мушоҳидаи фарзанди маслуқаш даҳшат ва ҳолати ногуворе фаро мегирад. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки Султон дар роҳрави долони қасраш контроли худро аз даст медиҳад. Пеш аз ин ки аз ҳуш биравад, писараш Мустафо ӯро ба оғӯш мегирад. Шоҳ ба гумони ин ки шояд нафасҳои охири ҳаёташ бошанд, писараш Мустафоро танҳо ду калима мегӯяд: «Одил бош!».
Бо тамошои чунин манзара, гарчанде сужае аз филм аст, ақл гувоҳ бар он медиҳад, ки хилофати Усмонӣ мабнӣ бар арзишҳои исломӣ поягузорӣ шуда, Қуръон ва суннат ҳамчун меҳвари ташаккули давлатдорӣ қарор дода шудааст.
Ҳоло бо истифода аз он чи гуфта шуд, рӯи фазилати ин хитобаи хикматомез, яъне «Одил бош!», ба таври ихтисор тамуркуз мекунем. Адолат иборат аз боздоштани худ аз ситам ба мардум ва дафъи зулми дигарон, инчунин нигоҳ доштани ҳар касе ба ҳаққи худ мебошад. Дар ин замина бояд донист, низоми аҳли башар, ки беҳтарин махлуқи Худовандист, марбут ба адлу дод аст.
Худованди меҳрубон дар каломи покаш мефармояд: «Ба дурустӣ, ки Парвардигор амр мекунад ба адолат ва некуӣ бо якдигар кардан» (сураи «Наҳл», ояти 90).
Инчунин Парвардигор ҷойи дигар мефармояд: «Ба дурустӣ, ки Худованд амр мекунад шуморо, ки амонатҳои мардумро ба соҳибонаш баргардонед ва чун дар миёни мардум ҳукм кунед, ба адл ва ростӣ ҳукм намоед» (сураи «Нисо», ояти 57).
Далели бузургии ин неъмат дар он аст, ки Расули акрам (с) мефармояд: «Якрӯза адли султони одил фозилтар аз ибодати шастсола бувад». Ва низ Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Он рӯз, ки қиёмат бувад, ҳеҷ соя ва паноҳгоҳ намонда бувад, илло соя ва паноҳгоҳи Худои таъоло ва ҳафт кас дар он соя бошанд: яке султон, ки бар раъияти хеш адл кунад ва дувум, ҷавоне, ки дар ибодати Худои таъоло барояд ва сеюм, марде, ки ба бозор бошаду дилаш бо масҷид бувад, чаҳорум, ду мард, ки бо якдигар дӯстӣ кунанд барои Худои таъоло, панҷум, марде, ки Худойро дар хилват ёд кунад ва ашк аз чашм фурӯ борад, шашум, марде, ки ӯро зане бо ҷамолу мол ба худ хонад (барои анҷоми зино) ва гӯяд: ман аз Худо метарсам; ҳафтум марде, ки ба дасти рост садақа медиҳад, чунонки дасти чапи вай хабар надорад.
Инчунин аз Расули акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: «Дӯсттарин ва наздиктарин кас ба Худои таъоло султони одил аст ва душмантарин ва хортарин кас ба Худои таъоло султони золим аст».
Дар фазилати ин неъмати бебаҳо, ки чун баҳри беканор аст, ҳарчанд гуфта шавад, интиҳо надорад. Танҳо бандаро лозим аст, ҳар лаҳза дарёфти ин неъмати азимро аз Парвардигораш оҷизона талаб намояд.

Муҳиддин Асозода

More From Author

You May Also Like