Таҳия ва талхиси Кароматуллоҳ Ҳасанов
“То вақте зурмандони камхирад ин имкон ва қудратро дошта бошанд, ки дар лаҳзаи кутоҳ гул, лабханд ва умеди дархтро бо теғи балоҳату қасоват аз чеҳраи замин пок кунанд, бояд ҷашни пирӯзии ниҳоии калима бар шамшерро ба таъхир андохт. Қарни гузашта, илова бар ҷилваҳои хушунат ва инсонозории қадим ва бедоди беҳаммонанди меросхурони ҷадиди он, қарни зуҳур ва суқути ҳукуматҳои тоталитарӣ низ буд. Умед аст қарни низомҳо ва ҳукуматҳое бошад, ки зур ва хушунатро тақдис накунанд ва ботини қудрати сиёсӣ муҳаббат ва адолат бошад, ба гунае, ки гуфтугӯи тамаддунҳо мазҳару муҷаллои он ботин бошад.”
Моҳи сентябри соли 1998 Сайид Муҳаммад Хотамӣ, раисҷумҳури собиқи Ирон, дар нахустин сафари худ ба Созмони милалли муттаҳид чунин идеа “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-ро матраҳ кард.
Ӯ гуфт: “Пешниҳод мекунам, ки ба унвони гоми аввал соли 2001 аз сӯи Созмони милал гуфтугӯи тамаддунҳо номида шавад, бо ин умед, ки бо ин гуфтугӯ нахустин гомҳои зарурӣ барои таҳаққуқи адолат ва озодии ҷаҳонӣ бардошта шавад. Аз волотарин дастовардҳои ин қарн пазириши зарурат ва аҳамияти гуфтугӯ ва ҷилавгирӣ аз корбурди зур … ва тақвияти мабонии озодӣ, адолат ва ҳуқуқи инсонист. Истиқрор ва тавсеъаи маданият – чи дар сатҳи кишварҳо ва чи дар сатҳи ҷаҳонӣ – вобаста ба гуфтугӯ миёни ҷомеаҳо ва тамаддунҳо бо салиқаҳо, оро ва назарҳои мутафовит аст.”
14 сол аз матраҳ шудани назарияи “гуфтугӯи тамаддунҳо” тавассути Хотамӣ гузашта, ба шакли шигифтомезӣ ҳамзамон бо солрӯзи матраҳ шудани он назария, ҷаҳон таҷрибаи ҷадиде аз чолиш ва низоъи буҳронофаринро меозмояд.
Сохт ва интишори филми тавҳиномез дар мавриди Паёмбари Ислом, чуноне ки қобили пешбинӣ буд, вокунишҳои тундеро дар ҷомеаҳои исломӣ ба ҳамроҳ дошт. Вокунишҳое, ки ба қатли сафири ИМА дар Бинғозии Либиё мутаваққиф нашуд ва баъид аст амалиёти интиҳорӣ ва маргофарини рӯзи сешанбеи як зани вобаста ба Ҳизби исломиии Гулбиддин Ҳикматиёр дар Кобул низ охиринаш бошад.
Буҳрони ахир, аз манзари худ, аҳамияти “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-ро бозхонӣ мекунад. Ҳамон, ки Хотамӣ зарураташро дар Созмони милалли муттаҳид ёдовар шуд: “Агар башарият дар остонаи ҳазора ва қарни 21 талошу ҳиммати худро бар ниҳодина кардани гуфтугӯ ва ҷойгузинии хусумату ситезаҷӯӣ бо тафоҳум ва гуфтугӯ устувор созад, дастоварди арзишманде барои насли оянда ба армуғон овардааст.”
Хотамӣ дар охирин сафараш дар даврони раёсатҷумҳурӣ ва дар иҷлосияи ЮНЕСКО бори дигар ба дифоъ аз назарияаш ба шарҳи он пардохт: “Чун ҷангҳо дар андеша оғоз мешаванд, сангарҳои дифоъ аз сулҳро дар андешаҳо бояд сохт. Дар тули таърих ҷаҳли мо ба шеваҳои зиндагии якдигар иллати муштараки гумон ва беэътимодӣ миёни мардумоне будааст, ки тафовутҳои онон ағлаб ба ҷанг анҷомидааст. Сулҳе, ки сирфан ба тартиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни давлатҳо бино шуда бошад, сулҳе нахоҳад буд, ки ҳимояти якпорчаи мардуми ҷаҳонро бо худ дошта бошад. Бинобар ин, бинои сулҳ – агар нахоҳем фуру бирезад – бояд бар ҳамбастагии ахлоқӣ ва фикрии башар устувор бошад.”
Аммо, мутаассифона, доман задан ба низоъи соҳибони ақоид, нафратофаринӣ нисбат ба муқаддасоти адёни гуногун ё хушунатварзӣ дар қиболи ақвом ва фарҳангҳои мухталиф дар ҳар гушаи ҷаҳон дорад худнамоӣ мекунад.
Муртазои Козимиён
ВВС-и форсӣ (19.09.2012)