“Дар шабҳои рӯза наздикӣ бо ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шуд, онҳо либоси шумо ва шумо либоси онҳоед, Худованд медонист, ки шумо ба худ хиёнат мекардед, пас тавбаи шуморо пазируфт ва аз шумо даргузашт, акнун бо онҳо омезиш кунед ва он чиро, ки Худо бароятон муқаррар кардааст, талаб намоед. Ва бихӯред ва биошомед то риштаи сафеди субҳ аз риштаи сиёҳи шаб барои шумо ошкор гардад, сипас рӯзаро то шаб комил кунед ва дар ҳоле ки дар масоҷид ба эътикоф машғулед, бо занон омезиш накунед, инҳо марзҳои илоҳӣ аст, ба онҳо наздик нашавед. Худованд оёти Хешро барои мардум ин гуна равшан месозад, бошад ки тақво пеш гиранд”. (Сураи Бақара, ояти 187).
Ҳамон гуна ки дар ояҳои қаблӣ чанде аз аҳкоми рӯза баён шуда буд, дар ин оят низ аҳкоми дигаре аз рӯза ва одоби таъомул бо ҳамсарон дар ин айём ба таври равшан шарҳу тафсир шудааст. Аз тарзи таъбири оят бармеояд, ки дар ибтидои фарз гаштани рӯза дар шабҳои моҳи шарифи Рамазон омезиш бо занон мамнӯъ будааст. Табиист ки бархе аз мусалмонон, ба хусус ҷавонон дар ин маврид натавонистанд хештандорӣ кунанд ва аз хоҳишоти нафси хеш ҷилавгирӣ намоянд. Ин масъала онҳоро ором нагузошт ва мавзӯъро ба Паёмбари гиромӣ (с) арза намуданд. Худованд нидои фитрати бандагонашро посух дод ва ин оятро фурӯ фиристода, ҳукми қаблиро бекор кард: “Дар шабҳои рӯза наздикӣ бо ҳамсаронатон барои шумо ҳалол шуд”.
Сипас било фосила фалсафаи ҳалол гаштани ин масъаларо низ зикр намуд: “Онҳо либоси шумо ва шумо либоси онҳоед”. Дар ин ибора Худованд зану шавҳарро дар нисбати якдигар ба либос ташбеҳ дод. Пӯшида нест, ки либос дар баробари ба инсон зебу зинат бахшидан, ӯро аз гармову сармо нигоҳ медорад ва шармгоҳ ва айбҳои баданашро мепӯшонад. Зану шавҳар низ дар мавриди якдигар инчунинанд ва ҳар кадом ҷониби дигарро аз афтодан дар доми фисқу фуҷур ва беобрӯию расвоӣ нигаҳ медорад. Аз ин нигоҳ онҳо айбпӯши якдигар ва ҳифзкунанда аз гармову сармои зиндагӣ ва зинати ҳамдигаранд.
Дар идома оят ба сабаби аслии бекор шудани ҳукми аввал мепардозад: “Худованд медонист, ки шумо ба худ хиёнат мекардед”. Худованд, ки аз масъалаи табиӣ будани мавзӯъ хуб огоҳ аст, дар ин ибора эҳсосоти пӯшидаи онҳоро барояшон ошкор кард. Маълум аст, ки нафси инсон сиришта бо шаҳавот аст ва шаҳавот ба иродаи инсон ба таври табиӣ таъсир мекунад ва ҷилавгирӣ аз тамоюлоти ғаризии нафс ниҳоят душвор аст. Аз ин ҷост, ки нафсу шаҳват инсонро пайваста барои гуноҳ кардан таҳрик мекунад. Бинобар ин, манзури оят дар маърази хиёнат қарор доштани онҳост, на муртакиби гуноҳ шуданашон.
Дар идома Худованд хабар медиҳад, ки ба онҳо тавфиқи тавба додааст, яъне заминаи тавба карданро барояшон омода намудааст: ”Пас тавбаи шуморо пазируфт ва аз шумо даргузашт”.
Сипас рухсаташро эълом менамояд: “Акнун бо онҳо омезиш кунед ва он чиро, ки Худо бароятон муқаррар кардааст, талаб намоед”. Худованд ба хотири он ки мусалмонон зери фишори нафси аммора қарор гирифта, даст ба нофармонӣ назананд, аз сари лутфу меҳрубонӣ маҳдудияти ҳурматро аз эшон бардошта, ба онҳо наздикӣ бо занонашонро дар шабҳои рӯзадории моҳи Рамазон ҳалол гардонд. Барои муддате ба таъхир андохтани ин сабукӣ ва бо ташреъ якҷо наомадани он ба хотири он аст, ки бандагони Худо ба дарки арзиши осонӣ дар дин ва интиҳои раҳмати Худованд бирасанд ва фазли Ӯ таъолоро эҳсос намоянд. Дар зимн ҳамчунин ишора менамояд, ки дар омезиш бо занон он чиро, ки Худованд барои инсон муқаррар карда, ба ёд оранд. Манзур аз талаб кардани он чи Худо муқаррар кардааст, талаби иффату покӣ ва аз ҳаром нигоҳ доштани зан мардро ва мард занро ва кӯшиш кардан барои расидан ба мақсуди аслӣ аст, то аз ин омезиш тифли комилан поку беолоиш ба дунё биёяд, чун Худованд дар баробари он ки миёни ҳамсарон баҳрабардорӣ аз якдигарро муқаррар карда, ҳамчунин фарзандро самараи омезиши онҳо қарор додааст. Зеро ҳамбистарии ҳамсарон танҳо як иртиботи шаҳвонии ҷинсӣ набуда, балки дар моварои он ҳикмате нуҳуфта аст ва аз манбаи аслӣ, ки тамоми афъоли бандагон ба он пайванд дорад, ҷудо нест.
Худованд ҳамон гуна ки наздикӣ бо занонро мубоҳ гардонд, ҳамзамон ҳукми таъому шаробро низ тағйир дод: “Ва бихӯред ва биошомед то риштаи сафеди субҳ аз риштаи сиёҳи шаб барои шумо ошкор гардад, сипас рӯзаро то шаб комил кунед”.
Сафедии густарда дар охири торикии уфуқ, ки дар охири шаб намоён гашта, аз аввали вақти тулӯъи субҳи содиқ дарак медиҳад, ба ресмони сафед ва торикии дар домони шаб боқимондаро ба ресмони сиёҳ ташбеҳ додааст ва ин марзест, ки шаб дар ин лаҳза ба поён расида, рӯз оғоз меёбад.
Дар ибтидои фарз шудани рӯза ҳамчунин хӯрдану ошомидан дар шабҳои Рамазон то вақти хондани намози хуфтан ва хоб рафтан ҳалол буд. Агар вақти ифтор фаро мерасид ва шахси рӯзадор пеш аз ифтор кардан хобаш мебурд, он шаб агарчи пеш аз субҳ аз хоб бедор шавад ҳам, ҳаққи хӯрдану ошомиданро надошт, мебоист ҳамон шаб ва фардои онро то шом рӯза бигирад. Ин ҳукм низ барои мусалмонон мушкил пеш овард ва дар аҳодис зикр шуда, ки баъзе аз саҳобагон ба душвории тоқатфарсо рӯ ба рӯ шуданд. Вазъияти пешомада тақозои дода шудани як навъ осониро дошт. Бинобар ин, ҳукми мазкур низ тағйир ёфт ва Худованд барои мусалмонон аз шомгоҳон то дамидани субҳи содиқ хӯрдану ошомиданро ҳалол гардонд, гузашта аз ин ба василаи Паёмбари гиромӣ (с) саҳархӯрӣ суннат гашт.
Бояд гуфт, дар мавриди ҳукми мамнуъияти ин ду масъалаи дар боло зикршуда дар ояҳои дар мавзӯи рӯза нозилшуда чизе зикр нашудааст, ки ин оят онро бекор карда бошад. Пас маълум мешавад, ки мусалмонон пеш аз нузули ин оят бо дастури Паёмбари гиромӣ (с) ба он амал мекарданд ва ин оят ҳукми ба василаи суннат собитшударо бекор кардааст.
Оят дар радифи масоили зикршуда барои равшании бештар андохтан ба ин мавзӯъ эзоҳ медиҳад, ки дар замони эътикоф нишастан дар масоҷид наздикӣ бо занон мамнуъ аст: “Ва дар ҳоле ки дар масоҷид ба эътикоф машғулед, бо занон омезиш накунед”.
Эътикоф дар истилоҳи шаръ дар рӯзҳо охири рамазон бо шароити махсус дар масҷид даранг кардан аст. Паёмбари Худо (с) дар даҳаи охири Рамазон ба эътикоф машғул мешуданд. Вақти эътикоф лаҳзаҳои ибодатиест, ки банда дар он бояд аз алоқаҳои дунявӣ дурӣ гузида, рӯ ба сӯи Худованд орад ва нафсашро аз ҳама чиз озод ва қалбашро аз тамоми машғулиятҳо холис гардонда ба Парвардигораш розу ниёз гӯяд ва дар канори инояташ зиндагӣ кунад. Аз ин рӯ, ба хотири таҳаққуқи комил ёфтани ин ҳақиқати ибодатӣ дар он наздикӣ бо занон мамнуъ гаштааст.
Дар поёни оят ба аҳкоми дар он зикргардида ишора карда мефармояд: “Инҳо марзҳои илоҳӣ аст, ба онҳо наздик нашавед”. Зеро дар наздик шудан ба марз эҳтимоли по аз марз берун ниҳодан ва ба гуноҳ олуда шудан вуҷуд дорад, бинобар ин оят таъкид мекунад, ки наздик нашавед. Ба марз наздик нашудан минтақаи амон аст, зеро инсон ҳама вақт ва дар ҳама ҳолат қудрати худдориро надорад, бинобар ин, набояд бо боварӣ аз худ ба марзҳои илоҳӣ қариб шуда, иродаи худро дар маърази имтиҳон қарор дод.
Нуктаи муҳиме, ки ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, он аст, ки Худованд дар поёни аввалин оят ва дар хотимаи охирин оят аз ояҳои дар мавзӯи рӯза нозилфармуда дар мавриди ҳадафи ниҳоӣ ангушт рӯи тақво ниҳод. Ин баёнгари он аст, ки тамоми барномаҳои ибодатии илоҳӣ бо мақсади парвариши руҳи тақво, хештандорӣ ва малакаи парҳез аз гуноҳ ва эҳсоси масъулият дар инсонҳо пешбинӣ шудаанд. ”Худованд оёти Хешро барои мардум ин гуна равшан месозад, бошад ки тақво пеш гиранд”.
Зубайдуллоҳи Розиқ