Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз номзадҳо ба мақоми раисҷумҳури Афғонистон имрӯз, 17 июн дар суҳбат бо хабаргузории «ал-Арбария» гуфтааст, муътақид аст, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай, рақибаш дар дуввуми интихобот ба беш аз як миллиюн раъй аз ӯ пешсафтар аст.
Ҳамчунин манбаъ менависад, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар суҳбат бо хабаргузории «Рейтер» гуфтааст, орои ба дастовардаи Ашрафғанӣ Аҳмадзай тақаллубӣ мебошанд ва бештар ин тақаллуб дар нуқоти ноамн ва дурдасти Афғонистон сурат гирифтааст. Ҳарчанд Абдулло Абдулло гуфтааст, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо беш аз як миллиюну 200 ҳазор раъй нисбати ӯ пешсаф аст, аммо ин ҳамаро тақаллубӣ хондааст.
Манбаъ навиштааст, мавзеъгирии доктор Абдулло дар ҳолест, ки ҳайати нозирони Иттиҳоди Урупо гуфтаанд, даври дувуми интихобот дар Афғонистон нисбат ба даври аввал шаффофтар гузаштааст. Нозирони урупоӣ, инчунин гуфтаанд, шумориши оро ва натоиҷи интихоботро ба сурати дақиқ назорат хоҳанд кард.
Зимнан «ал-Арабия» менависад, «дар ин рӯзҳо муҷодалаи шадиди миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмазай, ду номзади интихоботи раисҷумҳури Афғонистон дар мавриди сарнавишти интихобот шиддат гирифта ва якдигар худро маневрҳои таҳдидомез мекунанд».
Қарор аст, натоҷи ниҳоии даври дувуми интихоботи Афғонистон дар оғози даҳаи савуми моҳи июли соли ҷорӣ эълон шавад.
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ