Номзад ба мақоми президентӣ, А.Аҳмадзай эҳтимолияти таъсиси як давлати коалитсиониро дар Афғонистон бо ширкати тарафдорони ҳарифаш доктор Абдуллоҳ рад кардааст.
Ӯ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар рӯзи шанбеи 5-уми июл изҳор дошта, ки дар мавриди тавофуқ бо доктор Абдуллоҳ ҳаминро мегуям: Ягон муомилоте миёни мо вуҷуд надорад.
Таври маълум, ду номзад ба мақоми президентӣ баъд аз анҷоми даври дувуми интихобот дар 14-уми июн ҳар кадоме аз ғолибияти хеш садо баланд карда, якдигарро дар тақалубҳои интихоботӣ гунаҳкор медонистанд.
Кор ба ҷое расид, ки КМИ эълони натиҷагирии аввалияро то 7-уми июл ба таъхир андохт ва инро ба тафтиши баъзе қутиҳои раъй дар заминаи шикоётҳо марбут донист.
Аммо баъдан доираҳое вориди амал шуданд ва ҷонибҳоро барои ба тавофуқ расидан сари таъсиси давлати муштарак ташвиқ карданд, ҳатто сенаторҳои амрикоӣ ҳам. Баъзе манобеъи муътамад, аз пешниҳоди тақсимоти вазоратхонаҳо ва шумораи онҳо низ изҳори назар мекунанд, ки 10 вазоратхона ба тими доктор Абдуллоҳ дода мешавад. Аммо тими доктор Абдуллоҳ чунин пешниҳодро ҳоло қабул надорад.
Фардо, 7-уми июн натиҷаи аввалияи интихобот эълон мегардад ва гузинаҳои дигар ҳам рушан хоҳанд шуд, ки оё номзади ғолиб ҳарифи хешро ба кадом мақоме сазовор мебинад ё хайр?
Categories
ҶАҲОНИ ИСЛОМ