-ин аст, ки касе Худоро дуруст бишносад, вале Ӯро дӯст надорад. Пас як бори дигар дар Худошиносиат фикр кун!
–нидояшро бишнавӣ, вале ба он таваҷҷӯҳ накунӣ. Пас ба фармонҳои Худоят биандеш ва барои иҷрояшон бикуш.
–фоидаи муомила бо худоро бидонӣ, вале бо дигарон доду ситад намоӣ. Пас робитаи худ бо холиқатро бознигарӣ кун.
–миқдори хашмашро бидонӣ ва нофармонии Ӯро пеша созӣ. Пас дузах ва азобҳояшро дар зеҳни худ муҷассам соз.
–дарду ваҳшати гуноҳро чашида эҳсоси пушаймонӣ карда бошӣ, вале қурби худоро аз роҳи итоат карданаш хоҳон набошӣ. Пас лаззати ибодатро таҷриба кун.
— азоби дилбастагӣ ба ғайри Ӯро мисли дунё, сарват, мақом ва ғайра чашида бошӣ, вале бо тавба ва ниёиш ба суи Ӯ наштобӣ. Пас тавбаро ба ёд овар.
— аз ҳама аҷибтар инки медонӣ,ки муҳтоҷтарин кас дар назди Худо ҳастӣ, дунё абадӣ нест, ҷуз ду метр сони сафед чизе бо худ намебарӣ, марг омаданист , дузах бад ҷойгоҳе аст, аммо чунон амал мекунӣ, ки гӯё ба ҳеҷ як аз инҳо бовар надорӣ. Пас як бор ҳамаи неъматҳоро аз даст рафта ва маргу қабру дузахро дар пеши чашмонат муҷассам намо.