Categories Uncategorized

А. Давлатов: имзоҳои Бобоназарова дуздида шуданд

Имрӯз 11 – уми октябри 2013 дар нишасти матбуотии ситоди интихоботии ИНИТ, ки дар қароргоҳи марказии ҲНИТ баргузор гардид, эълом гардид, ки овозҳои ҷамъшуда барои номзади ИНИТ 201 ҳазору 236 имзо будааст. Бо ин тартиб номзади ИНИТ бо овозҳои ҷамъоварда наметавонад вориди сабқат ба курсии прехидентӣ шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки сабаби аслии ҷамъоварӣ нашудани овозҳои матлуб барои номзади ИНИТ, пеш аз ҳама фишорҳои ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон ба аъзо ва тарафдорони ҲНИТ мебошад,  ки ин омилро низ Ойниҳол Бобоназарова дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Вале коршиносон ва андешамандон дар кишвар ва берун аз он фикру ақидаҳои гунонгун доранд. Аз ҷумла Абдулло Давлатов, яке аз коршиносон мегӯяд: “Гуфтан, ки Бобоназарова имзои дархостбударо ба даст оварда натавонист,” дуруст нест. Ба ақидаи ӯ, воқеияти кор ин аст, ки бо таҳдиду фишорҳову туҳматзаниҳо имзоҳои хонум Бобоназарова “дуздида шудаанд.”

Вай афзуд, аз маъракаи интихоботӣ берун кардани номзади ягонаи вокеъӣ арзанда ва раҷиби тавонои президенти амалкунанда, маънии онро дорад, ки имрӯз “интихобот” бо ғолибияти Эмомалӣ Шарипович ба анҷом расид.

Ӯ инчунин гуфт, ки “номзад” – ҳои дигар то ҷойе нотавону бечораву “киссагӣ” ҳастанд, ки бешармона худашон дар нисбати президенти феълӣ мадҳия мехонанду иқрор мекунанд, ки мақсадашон президент шавӣ нест ва ҳатто фарзандонашон ба Эмомалӣ Шарипович овоз медиҳанд.

More From Author

You May Also Like