Categories Uncategorized

А. Давлат: «Такя задан ба неруву аслиҳа кори дур аз мантиқ аст»

Интихоботи Миср то ба имрӯз даҳҳо саволро беҷавоб гузоштааст. Дар ин кишвар дар ду давра интихоботи президентӣ доир гардид ва ниҳоят намояндаи “Бародарони мусалмон” бо дарёфти аксари овозҳо бар ҳарифи аслии худ, сарвазири замони Ҳусни Муборак, Аҳмад Шафиқ пирӯз омад. Аммо ҳокимият аз замони пирӯзии инқилоби мардумӣ дар яку ним соли пеш дар дасти ҳарбиён қарор дорад. Низомиён аллакай миёни демократияро дар ин кишвар шикастаанд, онҳо парлумони тозаинтихобро, ки 70 дарсади курсиҳо моли исломгароён шуда буд, мунҳал карданд, бо судури қароре ба конститутсия тағйирот ворид сохтанд ва доираи ихтиёроти худро васеъ намуданд. Акнун аз ин ба баъд президент дар Миср як вазифаи ташрифотӣ ва рамзӣ хоҳад буд. Аммо Муҳаммад Мурсӣ дар нахустин рӯзи пирӯзӣ эълон кард, ки ин тағйирот дар конститутсия ғайриқонунӣ аст ва онро нахоҳад пазируфт. Чуноне дида мешавад, як ихтилофи назар, ки метавонад боиси бурузи ихтилофот ва ё ҳатто табаддулоти ҳарбӣ шавад, дар канор аст.

Дар сӯҳбате, ки бо коршиноси тоҷик Абдуқаҳҳори Давлат доштем, ин суолро дар миён гузоштем, ки дурнамои фаъолияти Муҳаммад Мурсӣ бо артиш чӣ хоҳад буд?

– Воқеан, сари қудрат омадани Муҳаммад Мурсӣ дар Миср тасодуфӣ ё ғайриинтизор барои касе набуд. Ҳанўз замоне, ки Ҷамоати Ихвонулмуслимин ширкат бо номзадашро дар интихоботи президентӣ эълон намуд, бештари коршиносон аз пирўзии ин ҷамоат ҳадс мезаданд. Ва ин тахмин ё пешгўӣ ба воқеият табдил шуд ва номзади ин ҷараёни исломӣ дар рақобати сиёсӣ ғолиб омад. Ҳарчанд таъхир дар эълони натиҷаҳои интихобот баъзеҳоро нигарон карда буд, ки, шояд, артиш дасиса ё фитнаеро тарҳрезӣ кунад, аммо тавре раванди ҳаводис нишон дод, низомиён ба ин иқдом даст назаданд. Албатта, ин гуна мавқеъгирии артиш, шояд, бар асари рўёрўӣ бо эътирозҳои паёпайи мардум дар майдони «Таҳрир», таҳлили воқеиву саривақтии вазъият ва дарки авоқиби манфии он гирифта шуд. Дар ҳоле, ки баъзе коршиносон вазъияти бўҳронии ин кишварро ба вазъияти солҳои навадуми Алҷазоир, ки дар он солҳо баъди пирўзии ҳизби исломӣ бо дахолати артиши ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, монанд медонистанд.

Ин аст, ки баъзеҳо ояндаи Мисрро ба сабаби мавзеъгириҳои эҳтимолии артиш пешбининашаванда арзёбӣ мекунанд, вале талош ва  иқдомҳои амалии Муҳаммад Мурсӣ барои ташкили ҳукумат ва ба эътидол овардани вазъият бо пуштибонии мардум қадами ҷиддӣ ва бомуваффақият барои хунсо кардани нақшаҳои минбаъдаи ҳарбиёни ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин росто, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки, шояд, кишварҳои абарқудрат амсоли Русияву Амрико низ дар паҳлуи Мурсӣ қарор бигиранд, зеро онҳо хуб дарк кардаанд, ки танҳо ҳамин неруи муътадили исломӣ қудрату тавоноии бунёди ҷомеаи озоду демократиро дорад.  Ин тахминро барқияҳои табрикотии сарварони кохи Сафед ва Кремл ва эътирофи натиҷаҳои интихоботи Миср тақвият мебахшад.

Акнун Муҳаммад Мурсӣ чанд кори муҳимро бояд дар авлавияти фаъолияти худ қарор бидиҳад. Ин пеш аз ҳама садоқат ба ваъдаҳои пешазинтихоботӣ, баргардонидани салоҳиятҳои мақоми раисҷумҳур ва ҳамчунин, бекор кардани қарор дар мавриди мунҳал шудани парлумон мебошад.

Баъди баҳори арабӣ низомиёни Миср ва дигар ҳама медонад, ки такя задан танҳо ба неруву аслиҳа кори дур аз мантиқу дарку фаҳми инсонӣ аст. Ҳукуматдорони кишварҳои арабӣ дарк кардаанд, ки бояд минбаъд талош барои ба даст овардани эътимоду боварии мардум кунанд, вагарна сарнавишташон – сарнавишти Қаззофиву Мубораку Бен Алӣ хоҳад буд. Агар бо қувваву қудрати низомӣ ҳал карда мешуд, Башшор бо он ҳама хунрезӣ муваффақ ба саркўб кардани эътирозоти мардуми Сурия мешуд, вале тавре мебинем, ҳанўз ҳам қатлу куштор дар ин кишвар идома дорад.

(TojNews)

More From Author

You May Also Like