“Гулистон” машҳуртарин ва маъруфтарин китобест дар таърихи адабиёти форс-тоҷик барои меросбарону тамомии мардумони дунё низ. Бештар аз 700 сол аст, ки наслҳои форсзабон аз ин китоб таълим мегиранд.
Афкору андешаҳои башардӯстонаи шайх Саъдӣ имрӯз ҳам барои тарбияи инсоният, хусусан насли ҷавон, ки фарсахҳо аз суннатҳои волои миллӣ дур мондаанд, хеле муҳиманд. “Гулистон” асарест бо назму наср омехта ва шомили андешаҳои тарбиявиву ахлоқӣ. Дар он шайх Саъдӣ масъалаҳои тарбиявиро бештар ба тарзи хулосаҳои илмӣ не, балки ҳанӯз аз мундариҷаи асар ҳакимона ва бо сароҳат баён кардааст . Ӯ фалсафаи зиндагиро дар шакли ҳикматҳои барҷаста ба миён мегузорад.
Дар “Гулистон” бисёр ҳикояҳои кӯтоҳи ҷолиби диққат ва пурмазмун ҷой пайдо кардаанд. Мо чандин байту суханеро дарёфт мекунем, ки аз ояти Қуръон ва аҳодиси Пайғамбар, ҳазрати Муҳамммади Мустафо (с) манша гирифтаанд . “Гулистон” дар мазмуну муҳтаво тафовуте дорад нисбати дигар асарҳои бузургони мо, балки дар тарзи навишту масъалагузорӣ ҳам фарқ мекунад. Хонанда дар баробари хондани матлаби кӯтоҳ хулосаи худро мегирад. Ин услуби навишт барои хонандаи ҷавон, хусусан мактаббачаҳо хеле хуб аст, чунки мактаббачаи ба фаҳми илму дониш нарасидаро бо овардани як қиссаи кӯтоҳ ба андеша водор месозад.
Аз ин хотир, панду ҳикматҳои “Гулистон”, моҳияти инсонгароӣ доранд.
“Гулистон”-ро ба он хотир барои насли наврасу ҷавон муҳим медонем, ки дар баробари панду насиҳат ва ҳикмату ахлоқро аз бар кардан, забономӯзии онҳо ҳам осон мегардад, чун забони асар хеле содда аст.
Шайх Саъдӣ ба ҳайси як орифи барҷаста ва таълимгирифтаи мадрасаи Ислом, тамоми масоили замони хешро огоҳона ба мушоҳида гирифта, бо ҳикмати хос ба насли ҷавон мерасонад. Ҷомеъаи имрӯзаи мо ташнаи панду андарз ва суханони гуҳарбори ин марди шариф аст. Фикр мекунам, танҳо бо ҳамин тарзи гуфтору ишораҳои нозук панду ахлоқро ба ҷомеъа расонид ва ҷавононро ба парҳезкорию наздик шудан ба Худо наздик сохт.
Бале, он чизе ки дар мағзу ботини ин валии Худо буд, ҳеҷ кадомеро имрӯз дар ҷомеъа эҳсос намекунем. Агарчи сабабу омилҳо маълуманд, вале агар ба гуфтаи ҳакимонаи ин марди Худо гӯш ва амал намоем, натанҳо дар ҷомеъа, ҳатто миёни ҷавонон мушкиле боқӣ намемонад. Мутаассифона, ҳамаи мо аз арзишҳои динӣ, фарҳангу забон ва таърихи гузаштаи . худ канор рафтаем Натанҳо ҷомеъаи МО, ҳамчун меросбари Саъдию Ҳофиз, Мавлонову Ҷомӣ, балки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳам ба ҳамин мушкил мувоҷҷеҳ гаштааст.
Ба ҷавонон хитобан мегӯям; мо шайх Саъдиро як шоир ва шояд баъзеҳо, ҳатто як олим қабул дошта бошем, вале ӯ як авлиёи Худо ва қутби замон буд. Саъдии ҷавон паҳрезкор ва майле дошт ҷиҳати ширкат дар ҳалқаи шогирдони орифи тавоно ва машҳур, Шаҳобуддини Суҳравардӣ. Ӯ раванди ба таълимоти Абдулқодири Гелонӣ, ки бо номи “Тасаввуфи қодирия” машҳур буд, пайравӣ кард ва онро пазируфта, ба орифи баркамол табдил ёфт.
Ашъори Саъдӣ ҳамчун салавоту дуруд дар васфи Пайғамбар (с) дар ҷашнҳои бахшида ба ӯ хонда мешаванд.
Дар ин маврид як чизро гуфтаниам, баъзе аз ҷавононро бояд мазаммат кард, ки ҳатто ҳамчун толибилм намедонанд, ки тасаввуф чист?!
Ҳикояву қиссаҳое , ки дар “Бӯстон”-у “Гулистон” ҳастанд, бо ҳикмат оварда шудаанд. Вазъияти ҷомеъаи имрӯза ба ҳама маълум аст, шарму ҳаё ва иффату покдоманӣ аз байн рафтааст, кадоме аз рамӯзи зиндагии мо бо панду ҳикматҳои Саъдӣ рост намеоянд, тавре худи ишон гуфтааст:
Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод.
Оре, агар мо рӯ ба воқеъият биёрем, гуфтаҳои бузургон ва ахлоқи имрӯзаи мардум аз машриқ то ба мағриб тафовут пайдо кардааст. Ҳаёти исломӣ, ҳамчун як зиндагии асили тоҷикӣ қариб аз байн рафтааст. Ин гуфтаҳо бештар ба аксари кулли писарону духтарон тааллуқ доранд.
Бубинед, ҳамаи асарҳои бузургони мо бо хутбаву муқаддима, ҳамди Худо ва ситоиши Пайғамбар (с) ба таври мухтасар оғоз мешаванд. “Гулистон”-и Саъдӣ низ бо хутбаи “Миннат Худойи азза ва ҷалларо, ки тоаташ мӯҷиби қурбат асту шукри андараш мазиди неъмат. . Ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумидди ҳаёт аст ва чун бармеояд, муфариҳи зот ”
Пас, дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд асту бар ҳар неъмате шукре воҷиб:
Аз дасту забони кӣ барояд,
К-аз уҳдаи шукраш бадар ояд.
“Гулистон” бо ин ҳарфҳои ширину форам ва панду ахлоқиаш, дар паҳлӯи Қуръони азимуъшшаън ва аҳодиси набавӣ оғоз мешавад. Ҳоло чанд намунае аз ин асари ахлоқу адабро ин ҷо меорем:
Ҳикоят
Луқмонро гуфтанд: Адабро аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт: Аз беадабон, ҳар чӣ аз ишон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам.
Нагӯянд аз сари бозича ҳарфе,
К-аз он панде нагирад соҳиби ҳуш.
В-агар САД Боби ҳикмат пеши нодон
Бихонанд, оядаш бозича дар гӯш.
Ҳикоят
Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ай ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку давлати дунёро эътимод нашояд. Симу зар дар сафар бар маҳали хатар аст:. Е дӯст Ба Як Бор бибарад Е хоҷа Ба тафоруқ бихӯрад
. Аммо ҳунар чашмае зоянда асту давлате поянда Агар ҳунарманд аз давлат биафтад, ғам набошад, ки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳарҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад, беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад.
Сахт аст пас аз ҷоҳ таҳаккум бурдан,
Хӯ карда ба ноз, ҷаври мардум бурдан . **** Вақте афтод фитнае дар Шом, Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд. Рустозодагони донишманд, Ба вазирии подшоҳ рафтанд. Писарони вазири ноқисақл, Ба гадоӣ ба русто рафтанд.
Ҳикоят
Якеро шунидам Аз пирони мураббӣ, ки муридеро ҳамегуфт: Эй писар, чандон, ки тааллуқи хотири одамизод ба рӯзист, агар ба рӯзидеҳ будӣ, ба мақом аз малоика дар гузаштӣ.
Фаромӯшат накард Эзид дар он ҳол,
Ки будӣ нутфае мадфуну мадҳуш.
Равонат доду табъу ақлу идрок,
Ҷамолу нутқу ройу фитрату ҳуш.
Даҳ ангуштат мураттаб кард бар каф,
Ду бозуят мураккаб сохт бар дӯш.
Кунун пиндорӣ, эй ночизҳиммат,
Ки хоҳад карданат рӯзе фаромӯш ?!
Ҳикоят
Порсоеро дидам Дар канори дарё, ки захми паланг дошт ва ба ҳеҷ дору беҳ намешуд. Муддатҳо дар он ранҷур буду шукри Худои азза ва ҷалла гуфтӣ. Пурсидандаш, ки шукр чӣ мегӯӣ? Гуфт: Шукри он, ки ба мусибате гирифторам, на ба маъсияте.
Гар маро зор ба куштан диҳад он ёри азиз,
То нагӯӣ, ки дар он дам ғами ҷонам бошад.
Гӯям аз бандаи мискин чӣ гунаҳ содир шуд,
К-ӯ дилозурда шуд аз ман, ғами онам бошад.
Ҳомидуллоҳи Иззатуллоҳ