Шомгоҳи шанбе (25 майи 2013), дидори ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо миёни ду дастаи олмонӣ; “Бавария”-и Мюнхен ва “Боррусия”-и Дортмунд бо ҳузури 86 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи Уэмблии Лондон баргузор шуд ва бо пирӯзии “Бавария” ба ҳисоби 2:1 ба поён расид.
Ин нахустин бор буд, ки ду тими олмонӣ дар финали Лигаи қаҳрамонони Аврупо қувваозмоӣ мекунанд. “Бавария” ва “Боррусия”дар ин давра аз рақобатҳо бо бозиҳои хуб ва аз ҷумла пирӯзиҳои дурахшон ба девҳои футболи Аврупо, яъне “Барселона” ва “Реал Мадрид”, ки муддатҳо сояашон бар қорраи Аврупо сангинӣ мекард, нишон дода буданд, ки шоистатаринҳо барои расидан ба дидори ниҳоӣ ҳастанд.
Шаҳри Лондон пеш аз ин бозӣ дар тасхири олмониҳое буд, ки либосҳои сурх ё зарди тимҳои маҳбубашонро бар тан доштанд ва парчамҳое ба ин ду рангро дар ҳаво такон медоданд. Беш аз 150 ҳазор олмонӣ ба Лондон сафар карда буданд, дар ҳоле ки беш аз 100 ҳазори онҳо билет барои даромадан ба варзишгоҳро надоштанд.
Нимаи аввал: Оғози туфонии дортмундиҳо
Садои оғози бозӣ тавассути довари итолёӣ дар варзишгоҳи зебо ва пур аз ҷамъияти Уэмбли баромад. Ду тим бозиро пурсуръат ва ба пастҳои фишурда оғоз намуданд.
“Дортмунд” дар дақиқаҳои нахуст чеҳраи қавитаре аз худ нишон дод ва бозии равони мюнхениҳои “Бавария” ба ҷараён биафтад.
Метавон ин нимаро чунин хулос кард, ки дар 30 дақиқаи аввал “Боррусия” ошкоро беҳтар ва ҳуҷумитар бозӣ кард ва дар 15 дақиқаи охири нимаи аввал “Бавария” чанд бор тавонист дар баробари дарвозаи ҳарифаш хатарофарин шавад ва гушаҳое аз тавоноиҳои худро ба намоиш бигузорад.
Саранҷом, нимаи аввали бозӣ бидуни гол ба поён расид.
Нимаи дуввум: Пирӯзии “Бавария” дар дақиқаҳои охир
Ду даста нимаи дуюмро низ пурсуръат шуруъ карданд, вале бозӣ бештар дар миёнаи майдон ҷараён дошт ва мудофиъон ба муҳоҷимон камтар фурсати худнамоӣ медоданд.
Дар дақиқаи 60 дар як ҳамла ва нуфузи сареъи Франк Рибери, туп ба Арен Роббен расид ва паси дар дохили ҷаримаро Манҷукич бо бағали пой ба аввалин голи бозӣ (1:0) барои “Бавария” табдил кард.
“Боррусия”-и Дортмунд баъди ин голи бавариҳо ночор буд ба бозии ҳуҷумитаре руй оварад.
Дар дақиқаи 68 хатои Данте бар рӯи муҳоҷими дортмундӣ дар дохили ҷарима “Боррусия”-ро соҳиби як зарбаи пеналтӣ кард, ки Гюндоган ин зарбаро бо диққат ба самар расонд ва натиҷаро 1:1 кард.
Бозӣ баъди голи дортмундиҳо пурҳайяҷонтар шуд ва бо кушиши дарвозабони “Боррусия” се фурсати хатарзое, ки бавариҳо сохтанд, дарвозаи дортмундиҳо аз гол хурдан наҷот ёфт.
Аммо дар дақиқаи 90 тупи баланде ба сӯи дарвозаи “Боррусия” фиристода шуд, ки дар шулуғе миёни чанд бозигар ба Рибери ва аз ӯ ба Роббен расид ва ин муҳоҷими ҳолландии “Бавария” бо нуфузи сареъе голи дуюмро (2:1) вориди дарвозаи дортмундиҳо кард.
“Боррусия” барои ҷуброни ин гол фақат се дақиқа вақти изофӣ дошт, вале ин вақт барои дастёбӣ ба натиҷаи мусовӣ кофӣ набуд ва бозӣ ба фоидаи “Бавария” ба ҳисоби 2:1 ба анҷом расид.
Ба ҳамин тариқ, сурхпушони мюнхенӣ (Бавария) тавонистанд ҷоми Лигаи қаҳрамонони Аврупоро аз они худ кунанд.