Categories Uncategorized

Бадахшон Бадахшон аст!

Мусоҳиб: Муҳибуллоҳи Қурбон

nahzat.tj

Ҳайати ҲНИТ аз Бадахшон баргашт. Пас аз бозгашт, мо бо роҳбари ин гурӯҳ муовини раиси ҳизб, Маҳмадалӣ Ҳаит сӯҳбат доштем ва фишурдаи он ба шумо пешкаш мешавад.

– Мӯҳтарам Маҳмадалӣ, бигӯед, ки ҳадаф аз ин сафари корӣ ба Вилояти кӯҳистони Бадахшон чӣ буд?

– Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Бо қарори Раёсати олии ҳизб ва дастури раис, Муҳиддин Кабирӣ гурӯҳи мо иборат аз бародар Шонаим, масъули бахши молии ҳизб, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, мудири сомонаи nahzat.tj ва банда рӯзҳои 4 ва 5 август дар Хоруғ сафари хидматӣ доштем.

Мо якчанд ҳадаф, аз ҷумла, мулоқот бо аъзои ҳизб ва аҳли хонаводаи шаҳид Сабзалӣ Мамадризоев, ки раиси шӯъба буд, боздид аз қароргоҳи вилоятии ҳизб, даъвати ҷаласаи изтирории шӯъбаи вилоятӣ ва мулоқот бо намояндаҳои ҳукуматро ба анҷом расонидем.

– Метавон гуфт, ки ҳама вохӯриву ҷаласа, ки дар назар доштед, амалӣ гардид?

– Бале, мо ба хонаи марҳум Сабзалӣ рафтем ва ба аҳли хонаводааш тасаллияти ҳизб, раис ва раёсатро расонидем. Бо намояндаи раёсати вазорати умури дохила, генерал Давлатназар Булбулшоев вохӯрӣ доштем ва арз шуд, ки ҳадаф аз ин сафари мо мадад расонидан барои ба эътидол овардани вазъ дар минтақа буд. Ҳамчунин аз эшон тақозо кардем, ки қотилони шаҳид Сабзалӣ пайдо ва муҷозот, амнияти аъзои ҲНИТ ва фаъолияти он таъмин карда шаванд.

– Магар фаъолияти бахши вилоятӣ мӯътадил нест?

– На, масалан, бо вуҷуди он ки қароргоҳи ҳизб дар минтақаи фарогири амалиёти низомиён набуд, гурӯҳе аз силоҳдорони ҳукуматӣ омада, аввал талаб карданд, ки шикамашонро сер кунанд.

Гап дар сари он ки қароргоҳ дар ошёнаи дувуми бино асту дар табақаи якум қаҳвахона ва ин хӯришхона азони бародар Мунир Ҳабиб, раиси бахши ҳизб дар ноҳияи Шуғнон аст. Пас аз шикамчаронии бепул ба ошёнаи дувум баромада, ковтуков ва бетартибона тирпарронӣ карданд ва дашномҳои қабеҳро дар ҳаққи бародарон ва хоҳарони ҳизбӣ гуфтанд. Бинобар ин, нафаре имрӯзҳо ба идораи ҳизб намеояд, зеро эҳсоси тарс ҳаст.

– Аз рӯи сӯҳбати шумо маълум мешавад, ки қувваҳои Вазорати мудофиа дар амалиётҳо иштирок доштаанд, аммо сухангӯи Вазорати мудофиа, Фаридун Маҳмадалиев изҳор дошт, ки ҷузъу томи ин вазорат дар амалиёти Хоруғ набуданд. Мувофиқи меъёрҳои байналмиллалӣ ҳам дар низоъҳои дохилӣ истифода аз нирӯҳои Вазорати мудофиа ва махсусан, танку тӯп ва нирӯи ҳавоӣ манъ аст. Шумо метавонед, далеле оред, ки воқеан ҳам нирӯҳои Вазорати мудофиа дар амалиёт иштирок варзиданд?

– Бале, як том ё полки махсус, ки дар вилояти Суғд мустақар аст ва фармондеҳи он собиқ размандаи ИНОТ, полковник Маҳмадалӣ Ноибов мебошад, имрӯзҳо дар маҳаллаи «Селхозтехника»-и шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст.

Ҳузури вазири мудофиа генерал – полковник Шералӣ Хайруллоев дар Хоруғ ва ҳар замон суханронии таҳдидомези ӯ аз телевизиони маҳаллӣ низ исботи он аст, ки Вазорати мудофиа фаъолона дастандар кор аст.

– Оё сабаби асосии соати чори саҳар шурӯъ кардани амалиёти низомӣ дар Хоруғ ин куштори генерал Абдулло Назаров буд?

– Не, ин танҳо як баҳонае буд барои ворид кардани қувваҳои низомӣ ва татбиқ кардани нақшаҳои пешакӣ тарҳрезишудаи Ҳукумат.

Метавон гуфт, ин қарор давоми амалиёти «Кукнор 2009» ва «Кукнор 2010» дар Рашту Тавилдара буд. Вагарна полковник Толиб Айёмбеков, яке аз масъулони низомии ҳукумат буд ва даҳҳо роҳҳои дигари осоишта дар ҳалли қазия бе истифода аз силоҳҳои вазнини заминиву ҳавоӣ вуҷуд дошт.

Мақсади асосии гузаронидани ин амалиёт тоза кардани вилоят аз фармондеҳони мухолифи ҳукумат буд. Ҳатто нақша будааст, ки ин амалиётро дар муддати 3 – 5 соат ба анҷом мерасонанд, вале кор баръакс шуд ва то имрӯз ҳукумат ба мақсад нарасида, яъне натавонист он фармондеҳони мухолифро боздошт кунад.

Ин ҷо омили мардумиро тарҳрезон ба инобат нагирифтаанд. Ба муқобили нирӯҳои мунтазами ҳукуматӣ мардуми Хоруғ бархост ва бо чӯбу санг аз худ дифоъ кард. Як чизро бояд иқрор кард, ки мардуми Бадахшон хеле аҳлу иттифоқанд.

– Пас амалиёте, ки дар Хоруғ шурӯъ шуд, аз амалиётҳои дар ноҳияи Рашт ва Тавилдара гузаронида фарқ дошт?

– Бале, пеш аз ҳама он амалиётҳои «Кукнор» дар минтақаҳои камаҳолӣ ва ё берун аз деҳоту шаҳрак гузаронида шуда буд, лекин нақшаи охири тарҳрезишуда дар маркази шаҳр татбиқ шуд ва хисороти зиёд ба мардуми мулкӣ ва амволи онҳо расониданд ва ин қаҳру ғазаби мардумро дучанд намуд.

Дар Бадахшон ҳангоми воқеаҳои охир ходимони ҳукумат ва ҳатто кормандони вазорати қудратӣ ҳам буданд, ки амалиёти нирӯҳои ҳукуматиро дастгирӣ накарданд ва баъзеи онҳо ҳуҷҷатҳои хидматии худро супориданд.

– Агар ба вазъияти имрӯзаи Хоруғ баргардем, метавон гуфт, ки Ҳукумат ҳама нақшаҳои худро пиёда сохт ва амну суббот дар ин ҷо ҳукрмон аст?

– Қисман оромӣ барқарор аст ва супоридани силоҳҳо идома меёбад, аммо чун нирӯҳои ҳукуматӣ ҳузур доранд, мардум дар ҳаросанд. Баъдан аз он чор – панҷ нафар фармондеҳи мухолифи ҳукумат нафаре кушта ё боздошт нашудааст.

– Дар оянда мардумро чӣ интизор аст; идомаи амалиёт то боздошти мухолифони силоҳдор ва ё гузашт ва нишастан сари мизи музокирот?

– Варианти дувум шояд пиёда шавад. Имрӯз як комиссяи мардумии 20-нафара таъсис ёфтааст, ки ҳама гуна гиреҳҳои иҷтимоии дар давоми ин бархӯрд ба вуҷудомадаро якҷоя бо ҳукумат танҳо тавассути гуфтушунид халлу фасл менамоянд. Вале аз аввалин тақозои ин комиссия баровардани нирӯҳои мунтазами давлатӣ аз минтақа аст.

Боиси афсӯс аст, ки аз ҳизби мо, ки дар ин минтақа ҳам аз ҷиҳати шумора ва ҳам нуфуз яке аз пешқадамтарин мебошад, нафареро ба ин комиссия ворид накардаанд.

– Ба воқеаҳои Хоруғ аз байни кишварҳои хориҷӣ Русия аввалин шуда, вокуниш нишон дод ва ду изҳорот ҳам нашр намуд; яке як ҳушдор ба ҳукумати мо буд, ки дар минтақа метавонанд шаҳрвандони Русия бошанд ва дигар изҳорот дар бораи ҳушдор додани шаҳрвандонаш дар бораи худдорӣ кардани онҳо аз сафар ба ин минтақа. Чаро Русия дар ин масъала ин қадар ҳассос аст? Ҳатто бахзе таҳлилгарони рус воқеаҳои Бадахшонро ба Абхозия монанд карданд. Чаро?

– Бубинед, Бадахшон ба Русия аз Аморати Бухоро чанд сол пештар пайваст шуда буд. Имрӯзҳо дар Русия диаспораи бадахшӣ назар ба дигар гурӯҳҳо фаъолтар аст.

Дар рӯзи дувуми ин низоъ ё амалиёт дар чанд шаҳрҳои ҷаҳон, аз ҷумла, дар Маскав, Питербург, Ню Йорк ва Бишкек гирдиҳамоӣ ё пикети ҷонибдорӣ аз мардуми Бадахшон ва маҳкум кардани амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ баргузор шуд ва ин нишони он буд, ки ин мардуми бофарҳангу бодониш ва аҳланд ва ин пирӯзии иттилоотии онҳо буд. Хулосаи ман ин аст, ки бо ин мардум на бо забони силоҳ, балки бояд бо роҳи гуфтушунид муомила кард.

– Оё шумо хушбин ҳастед, ки истиқрори оромиву осоиштагӣ дар минтақа бебозгашт аст?

– Бале, дар пеш ҷашни солгарди Хоруғ аст ва дар назар аст, ки дар он Президент Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Карим Оғохон IV иштирок мекунанд. Ин худ як фурсати хеле мусоид барои бартараф кардани ҳама гуна низоъ ва масоили иҷтимое, ки дар натиҷаи ин амалиётҳои низомӣ ба вуҷуд омаданд.

Яъне, дар муносибат ба якдигар самимият бошаду дурӯғ не, вале аз ҳама кафолати сулҳу салоҳ дар Бадахшон ин берун кашидани нирӯҳои мунтазам аз ин минтақа мебошад, зеро Бадахшон Бадахшон асту онҳо роҳи осоиштаи ҳалли қазияро мепазиранд.

More From Author

You May Also Like