Categories Uncategorized

Бадтарини ҷойҳо барои фарзандор шудан

Дар назарсанҷие, ки тавассути муассисаи хайрияи “Наҷоти кӯдакон” сурат гирифта аст, Нигер, кишваре фақир дар қистмати ғарбии Африқо қарор дорад, ҷои аввалро дар листи бадтарин маконҳо барои фарзандор шудан аз они худ карда ва пас аз Нигер кишвари Афғонистон ҷойноҳи дуввумро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории “jamnews”, Нигер кишвари фақирест, ки таваллуд ёфтани кӯдакон дар ин минтақа ба мушкилӣ рӯ ба рӯанд. Ба гуфтаи манбаъ, аз сабабе ки зиндагии хуби оддиро надоранд, тифлони ба дунё омада ба мушкилии зиёде дучор мешаванд. Аз ҷумла пеш аз ҳама онҳо бо саломатии хуб ба камол намерасанд.

Дар ин гузориши “Наҷоти кӯдакон” 165 давлати дунё мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазъи саломатӣ, иқтисодӣ, омӯзишӣ ва хусусан ҳаёти кӯдакон дар ин кишварҳоро таҳқиқ бурдаанд. Вобаста ба таҳқиқи гузаронида шуда, “Наҷоти кӯдакон” аз ҳама кишварҳои абарқудрат хостааст, то кӯмаки худро барои давлатҳои қашоқ дареғ надоранд ва ҳамасола вазъи саломатии мардуми ин кишварро зери назорати вижа қарор диҳанд.

Аз даҳ кишваре ки дорои бадтарин вазъият барои модар шудан ҳастанд, дар ҳоли ҳозир ҳафт кишвар бо бӯҳрони ғизоӣ мувоҷеҳ шудаанд, ки Нигер дар маркази ин бӯҳрон қарор дорад ва хатари сахте зиндагии беш аз як миллион кӯдакро таҳдид мекунад.

More From Author

You May Also Like