Categories Ахбори рӯз

Баргузории Озмуни «Технологияи сарфаҷӯёнаи энергия ва истифодаи такрории захираҳо»»

Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд дуввумин намоиш-озмуни вилоятии «Технологияи сарфаҷӯёнаи энергия ва истифодаи такрории захираҳо-2011» бахшида ба 20-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон баргузор гардид. Бино ба иттиллои дафтари матбуоти шаҳрдори вилояти Суғд дар намоиш-озмун 48 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Спитамен, Табошар, Ҷаббор Расулов, Исфара, Қайроққум ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин зимни баргузории озмун дар ду толори донишкада гирди мизи мудаввар бобати масоили мубрами технологияи сарфаҷӯёнаи энергия ва истифодаи такрории захираҳо лоиҳаҳои пешниҳодгашта муҳокима гардид. Мавриди зикр аст, ки ҳайати комиссия дар бахши технологияи сарфаҷӯёнаи энергия шоҳҷоизаи озмунро муносиб ба пешниҳоди «Гелиопарник»-и А.Насруллоев аз ноҳияи Спитамен, ҷои аввалро лоиқ ба Б.Тошматов ва А.Ашӯров аз филиали суғдии Институти боғдорӣ ва сабзавотпарварӣ барои мевахушккунаки модулӣ, ҷои сеюмро ба С.Ғафуров барои лоиҳаи НБО-и хурд дар шароити кӯҳистон аз корхонаи давлатии «Востокредмет»-и шаҳри Чкалов муносиб донистаанд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки аъзои комиссия дар бахши истифодаи такрории захираҳо барои ба роҳ мондани истеҳсоли қоғази санитарӣ ба соҳибкор Н.Эгамбердиев аз ҶММ «Қувватшер»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва барои истифодаи дуюмбораи полиэтилен ба намояндагони КВД заводи «Заря Востока» И.Иброҳимов, И. Ишонқулова ва Д.Насруллоева аз шаҳри Табошар, барои истеҳсоли кошинҳо аз партов ба соҳибкор аз шаҳри Чкалов Р.Розиқов ва барои коркард аз партовҳои маишӣ К.Почоев аз корхонаи «Садаф-пласт»-и шаҳри Хуҷандро бо ҷоизаҳо вижа қадрдонӣ намудааст. Иттиллоъ дода мешавад, ки барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои ғолиб ташкилоти байналхалқии «Акт Алянс» ва дафтари САҲА дар Тоҷикистон 4 ҳазор евро маблағ ҷудо намудааст. Аз сӯи дигар муаллифони муаллифони лоиҳаҳои дигар аз қабили генератори бодӣ, бухории даврзананда, деги электродӣ, шабакаи худкори пайвастан ба неруи захиравии барқ, яхдони офтобӣ ва пешниҳодоти мактабиёну донишҷӯён бо мукофотҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун қадршиносӣ карда шуданд.

More From Author

You May Also Like