Categories Uncategorized

Раиси Хадамоти муҳоҷират хабар дод

Тибқи маълумоти хадамоти муҳоҷират, дар муқоиса ба 9 моҳи соли 2010 нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон 230 ҳазор парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда бошад, ин рақам дар соли 2011  106 ҳазорро ташкил медиҳад. Яъне 54 % парванда кам шудааст. Дигар масъала берун кардани муҳоҷирони корӣ аз қаламрави Русия ба шумор меравад, ки дар ин росто хадамоти муҳоҷиратӣ баёнд дошт, ки дар 9 моҳи соли 2010 агар 3 ҳазору 150 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуда бошанд, ин рақам дар 9 моҳи соли 2011  2066 нафарро ташкил медиҳад. Яъне нисбат ба соли гузашта 35% кам аст. Рӯзҳои наздик ҳодисаҳое, ки ба вуқӯъ омаданд, вале омори ихроҷшудагон аз ин кишвар нисбат ба  соли гузашта кам аст. Агар дар 9 моҳи соли 2010 ҳамагӣ 17 ҳазор шаҳрвандони мо патент гирифта бошанд, дар 9 моҳи соли 2011  ин рақам ба 125 ҳазор расидааст.

More From Author

You May Also Like