Баргузории чемпионати 6-уми Осиё дар Душанбе

Саидова Азиза

Бори нахуст ба ифтихори “Рӯзи пойтахт” дар Тоҷикистон аз 27 то 29 апрели соли равон чемпионати 6-уми Осиё доир ба таэквон – до бо иштироки 300 нафар таэквандочӣ (ИТФ) доир мегардад.

Тавре Шавкат Саидов котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе иттилоӣ дод, чорабинии байналмилалӣ Маҷмааи варзишии таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор мегардад. Бино ба иттилои манбаъ, дар чемпионат беҳтарин дастаҳои таэквандочии 20 кишвари Осиё, назири Тоҷикистон, Русия, Чин, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Непал, Ҷопон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Муғулистон, Индонезия, Куриёи Шимолӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории чемпионати 6 – уми Осиё дар Душанбе рушди варзиш, оммавият ва тарғиби варзиши таэквандо (ИТФ) буда, он дар таҳкими дӯстӣ ва муносиботи судманди кишварҳои осиёӣ, бахусус шаҳрҳое, ки бо Душанбе бародаршаҳранд, нақши арзишманд хоҳад гузошт.

Манбаъ, афзуд, ки маврид ба зикр аст, ки ҳамасола “Рӯзи пойтахт” шанбеи сеюми моҳи апрел бо ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ бо иштироки намояндагони шаҳрҳои бародаршаҳри Душанбе ва аҳли пойтахт таҷлил мегардад, – афзуд манбаъ.

More From Author

You May Also Like