Categories Uncategorized

Вазири хориҷаи Исроил хост, Маҳмуд Аббос террор шавад

Огедор Либермен, вазири хориҷаи Исроил дар гуфтугӯ бо шабакаи “10” – и Исроил хостори куштани Маҳмуд Аббос пас аз бозгашт аз иҷлоси сарон дар Теҳрон ё ба гуфтаи вай дар муҳосираи хонагӣ қарор бигирад.

Ба гузориши “islamworldnews”, ба нақл аз хабаргузориҳо, Огедор Либермен лаҳни таҳрикомези худ алайҳи Маҳмуд Аббосро афзоиш дода ва дар ҳамин росто хостори террор ва ё муҳосираи вай ҳангоми вурудаш ба Ромуллоҳ шуд.

Либермен дар изҳороте кӯтоҳ ба канали даҳуми телевизиони исроилӣ гуфт, ки ин як рӯзи сиёҳ дар таърихи Исроил аст, ки Аббос ба иҷлоси террористҳо дар Эрон по гузоштааст.

Вай афзуд, ки барои инсон нанг аст, ки Аббос ба “кишвари террорист” сафар кунад ва ба ҳамин далел мо бояд даст ба иқдомоти шадиде бизанем, ки мумкин аст сари Аббосро ба бод дода ва ё бо ҳар васила вайро муҳосира кунем.

Либермен ахиран ҳамалот ва интиқодҳои худ алайҳи Аббосро афзоиш дода ва чанд рӯз пеш низ вайро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам карад буд. Вай ҳамчунин бо ирсоли номае ба аъзои чорҷониба аз онҳо хоста буд, то бо баргузории зуҳҳангом интихобот дар Фаластин барои Аббос ҷойгузине интихоб кунанд.

More From Author

You May Also Like