Исаак Колен, мудири Шӯъбаи таълим дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфта, ки дарсҳои таҷрибивии динӣ дар 21 минтақаи Русия барои мактаббачагон гузаронида шуда, натиҷаи хуб додааст.
Аз ин рӯ, сар аз аввали 1 – уми сентябри соли равон барномаи таълими диние бо номи «Фарҳнаги динӣ ва асосҳои ахлоқӣ» дар макотиби миёнаи ҳамагонии шаҳри Маскав бо ташаббуси Исаак Колен ба роҳ монда мешавад.
Вале дар макотиби олию миёнаи Душанбе чанде қабл таълимоти динӣ аз барномаи таълимӣ бардошта шуд. Нуриддин Саидов, вазири маъорифи кишвар дар нишсти матбуотии нимсола иддаъо намуд, ки минбаъд дарсҳои динӣ дар макотиби миёна дода намешавад.
Яъне дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ фанҳое, ки моҳияти динӣ доранд, бардошта шаванд. Ба гуфтаи вазири маориф, манъ шудани фанни «Маърифати Ислом» дар мактабҳои миёна саривақтӣ буд.
Зеро Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, фанҳои дунявиро ба роҳ мемонад, на ин ки дарсҳои диниро. Ҳамзамон ӯ гуфт, ки дар макотиби миёна фанни алифбои ниёгон таълим дода мешавад.
Омӯзиши хатти форсӣ барои миллати мо хуб аст, вале мо набояд фанҳои моҳияти динӣ доштаро бидуни гуфтори он ки он дин кадом дин аст, ба роҳ монда шавад. Ин дар ҳолест, ки дарси алифбои ниёгон дар ҳафта барои хонандаҳои мактаби миёна ҳамагӣ як соат ҷудо шудааст.