Бале, ин марди андешаманду қавиирода ва коргардони шинохтаи театр баъд аз бозгашт ба кишвар фазои носолими афкор ва коргузориҳоро дар пойтахт таҳаммул карда натавонист ва бори дигар Душанберо ба қасди Бишкек тарк гуфт.
Агарчи амалкарди ӯро наздикону дӯстон ба хотири пайдо кардани кор шарҳу тавзеҳ диҳанд ҳам, далили аслӣ қабул надоштани афкору бархурди ӯ ба масоили доғи кишвар ва таҳияи намоишҳои драмавии таъсиррасон ба афкори ҷомеъа мебошад.
Ба ҳар ҳол, ба ин марди мубориз барору сарбаландиҳо таманно дорем.
Categories
ТАҲЛИЛ