Дирӯз, 11-уми феврал фармондеҳи қушунҳои хушкигардиди Сиоди марказии ИМА дар доираи сафари расмӣ ба кишварҳои Осиёи МАрказӣ озими Тоҷикистон шуда буд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, генерал Ҷеймс Террӣ, фармондеҳи қушунҳои хушкигарди ИМА бо мақсади муҳокимаи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масоили амният ба Тоҷикистон ташриф овард, Ӯ ҳангоми сафари хеш бо Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст ва дар зимн масоили марбут ба ҳамкории бефосилаи ҳарбӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон, минҷумла ҳамкории қӯшунҳои хушкигарди ИМА бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон муҳокима шудааст.
Генерал Террӣ ва дигаре аз ашхоси баландмақоми ҳарбӣ дар ин раванди мулоқот инчунин аз саҳми қӯшунҳои хушкигарди ИМА дар таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ ишора кардаанд.
Categories
Ахбори рӯз