Фалсафаи таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ
Башар ниёзҳое дорад, ки қисме фитрӣ ҳастанду қисми дигаре иктисобӣ мебошанд. Ба гуфтаи донишманди Амрикоӣ Абраҳам Мазлу, ирзо ё бартараф кардани дурусти ин ниёзҳо асоси рушди шахс ва ҷомеа мегардад. Ин донишманд дар табақабандии худ пас аз ниёзҳои ҷисмӣ ё баданӣ, монанди ташнагӣ, гуруснагӣ ва майли ҷинсӣ дар табақаи дуввум ниёзҳои марбут ба амниятро қарор додааст, ба ин маъно, ки инсон ниёз ба амният ва оромиш дорад, амният дар баробари ҷурму ҷиноят ва дар баробари хушунату таҳдид. Чунин ниёзеро танҳо аз тариқи ба вуҷуд овардани сулҳу субот ва оромиш метавон ирзо намуд.
Дар табақаи севвум Мазлу ниёзҳои иҷтимоиро мегузорад. Ӯ чунин ақида дорад, ки инсон пас аз рафъи ниёзҳои баданӣ ва амниятӣ ба марҳилае мерасад, ки ба пазируфта шудан ва ҳамкорӣ ниёз пайдо мекунад. Ин эҳсоси тааллуқ метавонад аз тариқи хонавода, анҷуман, созмон ё ҳизб бартараф гардад. Зеро инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва наметавонад ба танҳоӣ ба сар барад.
Табақаи чаҳорум иборат аз ниёзҳои эҳтиром ва ризоят аст. Инсонҳо ба ризоят ва эҳтиром ниёз доранд. Эҳтирому ризоят аз худ ва дигарон як асли муҳим барои рушди ҳар як шахс ба шумор меравад.
Табақаи панҷум бошад, хоси ниёзҳои мутаолӣ ё рушддиҳанда мебошанд. Ниёзҳои фикрӣ ва эҳсосӣ ё зебоишиносӣ дар ин табақа қарор доранд. Бо расидан ба ин марҳала инсон ба худшукуфоӣ мерасад, яъне барои рушд ва густариш додани тамоми истеъдодҳои худаш талош мекунад. Натиҷаи ниҳоии рафъи ниёзҳо худшукуфоӣ мебошад.
Худшукуфоӣ замоне ҳосил мешавад, ки чаҳор табақаи ниёзҳо ба таври дуруст бартараф шуда бошанду инсон эҳсоси амният ва оромиш кунад. Дар ин ҳолат инсон талош мекунад, истеъдодҳои пинҳонашро буруз дода ба фарди халлоқ, пухта, андешаманд ва муассир дар ҷомеа табдил шавад.
Мазлу ба ин натиҷа расид, ки афроди худшукуфо дар ҳар ҷомеа, гурӯҳ ё созмоне бошанд вижагиҳои яксоне доранд. Ба ақидаи ӯ ин афрод воқеиятҳо ва ҳақоиқи ҷаҳонро мепазиранд, дарки шаффоф ва возеҳе аз воқеиятҳо доранд, дар рафтору афкорашон роҳат ва сабукбол ҳастанд, халлоқ ва дорои қувваи тахайюли қавӣ ҳастанд, ба ҳалли мушкилот ё масоил алоқаманданд, истиқлоли фикрӣ ва муҳитӣ доранд, озодандешу богузашт ҳастанд. Афроди дорои чунин вижагиҳо метавонанд ҷомеаи пешрафта ва солим ба вуҷуд биёранд.
Ин муқаддимаи нисбатан муфассалро барои он овардам, ки ба аҳамияти ниёзи инсонҳо ба сулҳу оромиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ як бори дигар таваҷҷуҳ намоем. Яъне аз гуфтаҳои боло ба ин натиҷа мерасем, ки сулҳу ваҳдат барои як ё чанд шахсияти хос не, балки барои тамоми афроди ҷомеа дар аcоси эҳсоси ниёз ба амният ба даст меояд. Пас аз рафъи ниёзҳои амниятӣ инсон ниёз ба эҳтиром пайдо мекунад. Инсон дар ҳоле ба амният ниёз пайдо мекунад, ки дигарон ба ӯ эҳтиром бигзоранд ва ӯ низ дар муқобил ба дигарон эҳтиром бигзорад. Ин амр ҳам яке аз асосҳои пайдоиши оромиш, сулҳ ва ваҳдат мебошад. Ҳар гоҳ афроди як ҷомеа эҳсос кунанд, ки ба онҳо эҳтиром гузошта намешавад, онҳо низ ба дигарон эҳтиром намегузоранд ва ин аввалин қадам ба сӯйи аз байн рафтани оромиш ё суботи ҷомеа аст.
Бинобар ин дар сатҳи як кишвар вазифаи як ҳукумати мардумӣ он аст, ки дар миёни мардуми худаш ин эҳсосро ба вуҷуд биёварад, ки ҳар як фарди он эҳсоси амният намояду оромиш дошта бошад ва худро соҳиби эҳтиром бидонаду ба дигарон ҳам эҳтиром бигзорад. Нақши қонун дар эҷоди чунин эҳсосе бисёр муҳим ва асосӣ мебошад. Ҳар гоҳ қонун бо арзишҳои миллӣ ва динии мардум мухолиф набошаду муҷриёни қонун адолатро риоят намоянд, дар афроди ҷомеа ҳам эҳсоси амният ҳукмфармо мегардад ва ҳам афрод худро соҳиби эҳтирому каромат мешуморанд. Дар ин ҳолат, ҳам афрод ва ҳам ҷомеа ба сӯйи худшукуфоӣ ҳаракат мекунанд. Пас, натиҷа мегирем, ки сулҳу оромиш ва ваҳдат воситаи ба ҳаракатдароварандаи ҷомеа аст. Ҳоло зарур аст як бор биандешем, ки ин восита ё мотор чаро ба кундӣ ҳаракат мекунад?
Аҳдофи барнома
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамаи мардуми ин сарзаминро бародару баробар, худро ҷузъи ҷомеаи мусалмони кишвар медонад ва ҳаргиз даъво накардааст, ки танҳо гурӯҳи мусалмон аст. Даъвои Наҳзати Исломӣ фаъолияти сиёсӣ бар асоси арзишҳои динӣ ва дар чорчӯби қонунҳои мавҷуди кишвар аст. Аз нигоҳи Наҳзати Исломӣ, тамоми мардуми Тоҷикистон бародару баробаранд ва аҳзобу созмонҳо танҳо ба хотири эҷоди рақобати солим ва ҳаракат ба сӯйи пешрафт ва тараққӣ ба вуҷуд омадаанд. Мо бар ин бовар ҳастем, ки тамоми ҳизбу созмонҳои кишвар барои пешрафти ин сарзамин талош мекунанд. Дар ин миён ҳар як ҳизб дидгоҳи хоси худро ба масоил дорад, ки аз ҳамдигар тафовут доранд.
Ба ақидаи мо, ҳар гоҳ байни аҳзоб як гуфтугӯи солим ва самимӣ ба вуҷуд биёяд ва дидгоҳҳои ҳамдигарро мавриди баррасӣ қарор диҳанд, вазъияти мавҷуд тағйир хоҳад кард. Яъне ҳамон эҳсоси амнияту эҳтиром бояд байни аҳзоб ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ба вуҷуд биёяд. Агар гуфтугӯ байни аҳзоб вуҷуд дошта бошад, фосилаҳо камтар мешаванду ҳассосиятҳо коҳиш меёбанд, интиқод барои ислоҳ дониста мешаваду душманона пиндошта намешавад. Барои ба вуҷуд омадани чунин фазо бояд бархе дидгоҳҳои аҳзоби мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадди ақал мавриди баррасӣ ва таҳлили мунсифона қарор гирад ва махсусан Маркази тадқиқоти стратегии назди президент ва Академияи илмҳо дидгоҳҳо ва пешниҳодоти аҳзобро бо ҳузури намояндагони ҳамаи аҳзоб мавриди баррасӣ қарор дода, нуктаҳои мавриди қабулашро бапазиранд ва нуктаҳои дигарашро бо далелу мантиқ рад кунанд.
Яке аз ҳадафҳои эълони барномаи “моҳи таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ” баргаштан ба фазои замони имзои ҳамин созишнома аст. Яъне бо ин роҳ як бори дигар фазои ҳамдигарфаҳмиву созишро ба ёд оварем ва эътимоду боварии аз байнрафта ё заифшударо дубора тақвият бахшем.
Душманиву саркуб ҳамеша ақибмондагӣ ва беэътимодӣ ба ҳамроҳ дорад, аммо гуфтугӯ ва рақобати солим ҳамеша боиси пешрафт аст. Ин таҷрибаи собитшудаи ҳамаи мардуми ҷаҳон аст. Ҳадафи дигари ин барнома эҷоди ҳамгароӣ ва ёдоварӣ аз нуқтаҳои муштараки мавҷуд дар байни мардуми кишварамон аст. Яъне мехоҳем бигуем, ки мо бо ҳам танҳо ихтилоф надорем, балки нуқтаҳои муштараку ҳаётии зиёде доштем ва дорем. Ба ҳамин хотир бояд виҷдонамонро довар қарор диҳему ба нуқтаҳои муштаракамон беш аз ихтилофотамон таваҷҷӯҳ намоем. Ҳамон нуктаҳое, ки дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ тавонист сулҳро ҳоким кунанд, метавонанд боз ҳамгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро низ ба армуғон биёваранд. Бо истифода аз ин моҳ даъват ба он мекунем, ки аз интиқодоти беҷо даст кашида нуқтаҳои муштаракамонро бештар матраҳ созем. Ҳадафи дигар эҷоди умед дар миёни ҷомеа аст. Имрӯз аксарияти мардуми ҷомеаи моро як ҳисси ноумедӣ нисбат ба оянда фаро гирифтааст, ки чунин ҳолат барои ҳар ҷомеае хатарнок аст. Ҷавонони мо ба ояндаи худ хушбин нестанд ва умеде барои пешрафт дар дохили кишвар надоранд. Барои мисол аз талабаи мактаб гирифта то донишҷуи донишгоҳҳои мо ба фикри муҳоҷират ҳастанд ва ҳеҷ умеде барои пайдо кардани кор дар дохили кишвари худ надоранд. Бояд бо истифода аз ин моҳ битавонем умедро ба мардум баргардонем, то ҳама худро соҳиби ин ватан бидонад ва ба фикри ободии ватану беҳбуди зиндагии худаш бошад.