18 – уми майи соли равон Прокуратураи генералии Тоҷикистон таҳия ва фурӯши санадҳои сохта, ки гӯё ба шаҳрвандони кишвар ба ришмондану сатр бастан иҷозати расмӣ расмӣ зарур аст ғайри расмӣ дониста нисбати ин амал, ки аз тарафи шахсони номаълум ба роҳ андохта шудааст парванда боз намуд.
Тавре ниҳоди мазкур ба хабаргузории “news.tj” иттилоъ додаанд, парванда мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) – Кодекси ҷиноии ҶТ алҳол нисбати ашхоси номаълуми машғул ба паҳн ва фурӯши “иҷозатномаҳо” бо қимати 250 сомонӣ барои ришмониву ҳиҷобпӯшӣ боз шудааст.
Айни замон дар робита ба ин мавзуъ, ахири моҳи апрел Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар дархост карда буд, ки дар ошкор кардани шахсони машғул ба фурӯши ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки гӯё барои ришмониву ба бар кардани ҳиҷоб ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳуқуқ медодааст, мусоидат намоянд.
Ҳамчунин қайд гардида буд, ки дар Тоҷикистон мақомоте, ки барои додани чунин ҳуҷҷатҳои ваколатдор бошад, вуҷуд надорад ва ин амалҳо алайҳи ҳукумату давлат ва бадномкунии Ислом равона шудаанд.
Ҳамаи гуфтаҳои боло дар ҳолеанд, ки тайи чанд ҳафтаи ахир ба таври иҷборӣ тарошидани ришҳо ва гирифтани сатрҳо аз сари занҳо сархати хабарҳо қарор дошт. Дар баробари ин, наворҳои видеоӣ низ тариқи шабакаҳои интернетӣ дар робита ба ин мавзуъ нашр гардида буд, ки ахиран ВКД – и ҶТ онро рад кард.