Categories Ахбори рӯз

Музокирот паси дарҳои баста

Рӯзи 14-уми феврал мулоқоти ҳайатҳои баландпояи ду ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон дар қароргоҳи ҳукуматии Ало-Арчаи Бишкек сурат гирифт, вале аз натиҷаи он кадоме аз ҷонибҳо иттилоъе пахш накардааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ҳам танҳо ҳаминро иқрор кардааст, ки баъди анҷоми мулоқот натиҷаи онро метавонанд дастраси ВАО намоянд.
Аммо дар иттилоияи расмӣ гуфта шуда, ки дар ин нишаст масоили марбут ба иҷрои тавофуқоти рӯзҳои 30-31 январ ҳосилшударо ба баррасӣ гирифта мешавад, ки ба муноқишаи марзӣ дахл дорад. Ҳоло ҷонибҳо аз ошкор шудани ҷузъиёти он худдорӣ мекунанд, агарчи ҷониби Тоҷикистон баъди ин таҳқиқоти дуҷониба эълон дошт, ки типаронӣ дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Таври маълум, музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Фирғизистон таҳти раҳбарии Муродалӣ Алимардонов ва Тоқон Мамитов, муовинони нахуствазири ду кишвари ҳамсоя оғоз гардидааст. Хабаргузории “Ховар” дар ин маврид менависад, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар рӯзномаи музокирот, ҳамчунин масъалаи барқарор намудани фаъолияти гузаргоҳҳои назоратии марзӣ дохил шудааст.
Гуфта мешавад, ки музокироти Бишкек дирӯз паси дарҳои баста идома кард.

More From Author

You May Also Like