Дар доираи сафар ба Пекин муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муншии кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) мулоқот намудааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон менависад, Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мулоқот бо Д. Ф. Мезентсев, муншии кулли Созмони ҳамкории Шонгҳой “масъалаҳои омодагӣ ба силсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла ҳамоиши сарони давлатҳои СҲШ, ки дар соли 2014 дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ин созмони бонуфузи минтақавӣ дар кишвари мо баргузор мегарданд”, мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ҷонибҳо тайи ин вохӯрии худ масоилеро муртабит ба муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин масъалаҳои амнияти минтақавиро муҳокима намудаанд.
«Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба густариши бештари ҳамкории мутақобилан судманди гуногунсоҳа ва таҳкими шарикии стратегӣ байни ду кишвар таъйид карданд», омадааст дар манбаъ.
Categories
Ахбори рӯз