Categories Uncategorized

Милисаи… бериш дар либоси нашъаҷаллоб

Муҳибуллоҳи Қурбон, рӯзноманигор

nahzat.tj


Чанд пора андеша перомуни «ришдорони мусулмонмонанд»

Дар назар мерасад, ки ду – се нашрия аз риш қимобанд ва ё вазифадор шудаанд, ки ҳатман ришдоронро сиёҳ кунанд. Бинобар ин, ҳар имконият ва ё тасодуфе, ки барояшон дастрас мегардад, барои айбдор сохтани ришдорон истифода мебаранд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№21 аз 24.05.12 номаи Хол Шариф, шаҳрванди Душанберо бо номи «Ришдорон маро фиреб доданд» ба табъ расонида, барои ба доми онҳо наафтодан ба харидорон маслиҳат медиҳад.

Таваҷҷӯҳи манро бештар сарлавҳаи мактуб «Ришдорон маро фиреб доданд»ва ибораи «…ришдори мусулмонмонанд…» ба худ кашид. Бар замми ин, сарлавҳаро ба саҳифаи як ҳамчун реклама кӯчондаанд ва гумон меравад, барои идора аз маводҳои хонданбоб, ки дар 24 саҳифаи ҳафтанома хеле зиёд чоп шудаанд, аз ҳама муҳимаш ҳамин «ришдорони фиребгар» будааст.

Шояд идора дар ҳар ришдор, ки як рамзи мусалмон шудааст, хислатҳои манфӣ меҷӯяд, ки қассоб барои он фиребгар аст, ки ӯ мусалмон асту риш дорад.

Аламовар он аст, ки ба ришдор қаноат накарда, «ришдори мусулмонмонанд» менависанд, ки таҳқири ошкорои мусулмон аст. Бигузор муаллиф ин ибораро навишта бошад, ҳарчанд боварам намеояд, ки дар ҷамъият чунин ашхосе ҳам бошанд, ки дар симои ришдор «мусулмомонанд»-ро бинанд.

Шояд дар посух ба мани таҳқирдида идора фаҳмонад, ки ибораи «ришдори мусулмонмонанд» чӣ маъно дорад?

Шояд идора бо дигар мақсад чунин сарлавҳа гузоштааст, ки аз дарки он кӯтаҳам? Аз ҷониби дигар воқеият ҳамин аст, ки ҳам худи мо ва ҳам худи шумо медонед, ки миёни, ба истилоҳи шумо, ришдорон на ҳама поканду беҷурм, вале ҳаргиз риш онҳоро ба ин ҷиноят ё гуноҳ тела надодасту намедиҳад. Чӣ, магар қассоби бериши бевиҷдон кам аст?

Ҳамчунин воқеият ҳам ҳамин аст, ки на ҳамаи беришон поканду беҷурм, зеро дар худи ҳамин шумора чанд намояндаи бериши ҷиноятпешаро дар мақолаҳои «Милиса дар либоси нашъаҷаллоб» ва «Раис қубурҳои«Агроаксия»-ро фурӯхт» зери танқид гирифтааст.

Бинобар ин, аз рӯи ин усул вақте дар бораи ҷинояткорӣ, фиребу найранг ва дигар хислатҳои бади шаҳрвандон, аз ҷумла, мансабдорон менависед, ҳатман таъкид бояд кунед, ки фалонии бериш фалониро фиребид ва мақолаҳои зикршуда чунин сарлавҳаҳо бояд мегузоштед: «Милисаи бериш дар либоси нашъаҷаллоб» ва «Раиси бериш қубурҳои «Агроаксия»-ро фурӯхт».

Аммо бовар дорам, баъди сад сол ҳам «Тоҷикистон» чунин сарлавҳа намегузорад ва дар гӯшаи хаёлашон ҳам чунин сарлавҳа намеояд ва чунин ҷуръат ҳам надоранд, ҳарчанд дар байни мансабдорони бериш ҷиноятҳое содир мешавад, ки дар хоби шаби ришдор намедарояд.

Ва агар он ришдори бевиҷдон ҷаноби Шарифро дар се кило гӯшт фиребида бошад, баъзан мансабдорони соҳибқудрат ба садҳо ҳазор доллар ҷиноят содир мекунанд.

Бинобар ин, хонандаи азизу гиромӣ, худатон аз ман хубтар медонед, ки ҷиноят ва ё рафтори ношоям на ба беришӣ дахл дораду на ба ришдорӣ. Яъне, риш ин чанд тор мӯйе, ки аз пӯсти инсон мебарояд ва дар содир кардани ин ё он ҷиноят ё кирдори бад мутлақ нақше надорад!!!

Ин тарзи муносибати ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ришдоронро хондаму ёдам омад, ки ҳанӯз солҳои ҳафтодум чунин нишонаҳо дар амали роҳбарият дида мешуд. Вақте дар мактаби миёнаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара омӯзгор будам, директор маро маҷбур кард, ки мӯйлабамро тарошам. Чун сабаб пурсидам, гуфт ин усули кори ман ҳамин тарз аст ва дар мактаб муаллим набояд бурут дошта бошад. Гуфтам, доҳиҳои пролетариат аз Маркс то Ленин ҳамаашон на танҳо мӯйлаб, балки риши дароз доштаанд ва оинномаи мактаб ҳам дар бораи мӯйлаб ҳарфе нест. Гуфт: «Ин принсипи кории ман аст ва ман намехоҳам, дар мактаб муаллим бо мӯйлаб дарс диҳад! Бинед, ҳама муаллимон ба ҷуз шумо тарошиданд.»

Гуфтам: «Муаллима, чор тор мӯй аз пӯсти ман мебарояд ва ба ин дунё омада, ба ҳамин чор тор мӯйи худ соҳибӣ карда натавонам, пас ман ба ин дунё беҳуда омадаам.» Директор дигар кордор нашуд ва ман дар мактаб ягона муаллиме будам бо чор тор мӯй дар болои лаб…

Ман бовар дорам, ҳамоне ки ин сарлавҳаро гузоштааст, падар ё бобои насиҳатгари ришдор надошта бошад? Ақаллан, ӯ тағо ё амаки ришдор дорад ва аз рӯи мантиқи шахси сарлавҳа гузошта, ки ришдорро фиребгар мегӯяду боз таъкид дорад, ки ба доми онҳо наафтед. Пас пайвандони худи ӯ ҳам фиребгаранд?

Пас метавонам бигӯям, ки падари «ришдори ба мусулмон монанди шумо» тарбияи хубатон надода будааст, ки таҳаммулпазир ба воя нарасидаед?

На танҳо шумо, боз чанд нафар шумо баринҳо дар ду – се нашрияи дигар ҳам айнан ба аҳли ибодат, ки боз такрор шавад ҳам мегӯям, ки мисли падар, амак ё бародари шумоанд, ҳамеша санги маломат ва гоҳе тӯҳмат ҳам мезананд ва аз ин гуна ҳамкасбонам, ки дар рӯҳияи зидди бародарони мусалмони худ қарор гирифтаанд, ҳам афсӯс мехӯрам ва ҳам дилам барояшон месӯзад.

Ҳамкасбони азиз, аз шумо хоҳиш дорам, як ба атроф назар кунед; садҳо ҳазор бародарони шумо, падарони шумо, бобоҳои шумо риш доранд ва на танҳо аҳли ибодат, балки ҳамту, мардони зиёде ҳам ҳастанд, ки ришро меписанданду худро бериш тасаввур карда наметавонанд.

Бинобар ин, ман аз шумо, рӯзноманигорон, даъват мекунам, ки одоби ҳунарро нигоҳ доред ва аз ҳад нагузаред, то ки чакидаи қалами шумо боиси ранҷиши гурӯҳи дигар, яъне, ришдорон нашавад.

Зеро ҷойи пинҳон нест; аз назари гурӯҳе, ба қавли худатон, ришдорон, сабук карда гӯем, беришон ҳам он қадар сурати хуб надоранд ва ин ҷо бо гуфтаи нависандаи рус, Чехов: «Марди бериш мисли зани ришдор аст…» иктифо мекунем.

More From Author

You May Also Like