Categories Ахбори рӯз

Бар зидди “Висоли ҳақ” кӯмак хостанд, хуб аст, ё…?

Ахиран Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
аз ҳамтои эронии худ барои мубориза бар зидди шабакаи ҷаҳонии “Висоли ҳақ”
кӯмак хостааст? Ин дар ҳолест, ки
Тоҷикистон худ дорои чаҳор шабакаи
моҳвораӣ буда, барномаҳои шабонарӯзӣ барои бинандагон таҳия мекунад. Ва имкони комили
рад ва хунсо кардани ҳамагуна овоза ва иттилооти носаҳеҳ дар мавриди Тоҷикистон
вуҷуд дорад. “Наҳзат” ба хотири рӯшанӣ андохтан ба саволи ин ки чаро давлатмардони
тоҷик ба ҷойи истифода аз зарфиятҳои дохилӣ барои муқобила бо ин гуна зуҳурот
такя ба дигарон мекунанд ва сабаби таваҷҷӯҳи беш аз пеши мардум ба шабакаҳои телевизионии
хориҷӣ дар чист?

Мавҷуда Соҳибназарова, коршинос

Ин далолат бар он мекунад, ки фазои итттилоотии
Тоҷикистон имрӯз солим нест. Барои он ки мардум ба телевизони Тоҷикистон бештар
таваҷҷӯҳ ва боварӣ ҳосил кунанд, бояд мисли шабакаҳои “Висоли ҳақ”, “К+”
ва “СА ТВ” барнома омода созанд ва бо онҳо рақобат карда тавонанд. Мутаассифона,
телевизонҳои Тоҷикистон имрӯз рақобатпазир нестанд ва касбияти кормандони ТВ ба
талабот ҷавобгӯ нест, яъне фақат бо рақсу суруд ҷомеаро омӯзонда наметавонем,
балки бештар бояд барномаҳои таҳлилӣ дар атрофи проблемаҳои ҷомеа омода сохт. Намедонам
аз чӣ бошад, ки кормандони телевизони мо аз гуфтани проблемаҳо худдорӣ
мекунанд, ки боиси дур кардани мардум аз телевизиони тоҷик мегардад, ҳол он ки
гуфтани проблема ҳама вакт ба манфиати кор аст.

Моҳлиқо Назарова, собиқ корманди радиои Тоҷикистон

Ба фикри ман чанд сабаб дорад. Якум вақте истеъдод ва
маҳорати рӯзноманигорон дар ин шабакаҳо нодида гирифта мешавад ва ҳатто поймол
мешавад, ба ҳеҷ сурат дигар онҳо барои таҳияи барномаи хуб иқдом намекунанд. Иктифо
фақат барои пур кардани эфир мутобиқ ба завқи мансабдорон мекунанд, ки ин касбияти
кори онҳоро зери суол мебарад. Ба назар ҳамин хел менамояд, ки гӯё онҳо касбӣ
нестанд, вале ҳақиқат ва воқеъият чизи дигар аст. Дуюм бояд мушкилӣ ва масъалагузориҳое, ки дар
телевизион сурат мегиранд, воқеъӣ бошанд, на дурӯғ, чунки дар замони муосир
мардум иттилоотро аз ҷойи дигар зуд пайдо мекунанд. Кӯмакхоҳӣ аз ирониҳо бар
зидди “Висоли ҳақ” барои ман ҳам ҷой ҳайрат дорад ва ҳам айб. Наход дар сатҳи
муносибатҳои байнидавлатӣ ин хел дархост шавад. Вақте дарди дохилӣ сари вақт
табобат намешавад, аз ҷое зада берун мешавад. Як сабаби маҳбубияти “Висоли ҳақ”
ҳам дар ҳамин ҳамин аст, ки барномаро мувофиқ ба воқеъият ва мушкилӣ намоиш
медиҳад.

Лола Мерганова, корманди ташкилоти ҷамъиятии “Хома”

Ҳамчун як бинанда ё шунаванда метавонам гӯям, ки мехоҳам он воқеиятеро бинам, ки дар ҷомеаи худ мушоҳида мекунам. Бубинам, ки ҳукумати мо дар фикри роҳи ҳалли онҳо аст. Агар чунин масъалаҳои мубрамро ман дар шабакаҳои худӣ дастрас кунам, эхтиёҷ ба шабакаҳои бегона намемонад.

Маҳмуд Давлатов, муҳоҷири тоҷик

Барои чӣ мардум ба шабакаҳои телевизионии давлатӣ бояд
бовар кунанд, вақте кори ин шабакаҳо ба ҷуз фитнаандозӣ коре нест. Бубинед, чӣ
корҳое барои бадномии ин миллату кишвар накарданд. Ҳамарӯза ҳиҷобдорону
ришдоронро танқид мекунанд ва гоҳе аз ҳиҷобдорон фоҳишатарошӣ мекунанд, ки
ахиран худи Гулмуроди сардори ОМОН низ инро кори сохтаи дасти ВКД гуфт. ТВ-ҳои
давлатие, ки бар зидди ормонҳои ин миллат, ақоиди ин миллат, дини ин миллат мубориза
мебаранд, чаро бояд тамошобин дошта бошанд. Вақте ҳукумат худ ҷанги иттилотиро
ба муқобили эътиқодоту арзишҳои динии мардуми худ оғоз кардааст. Садҳо мушкилӣ домангири
кишвари мост, вале вале телевизионҳо мо корашон фақат кинову рекламаи гулу
дарахту кӯҳ нишон додан аст. ТВ-ҳои давлатӣ умуман бо мардуми худ нестанд, намедонанд, ки мардум чӣ мехоҳад? Шояд сабабаш дар он бошад, ки вақте роҳбарони ин ниҳодҳо
худ серу пуранд ва фақат мехоҳанд, ки кинову консерт тамошо кунанд.

Абуалӣ Некрӯзов, рӯзноманигор

Бо сипарӣ шудан 23 сол аз Истиқлолияти давлатии
Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии кишвар дар расонидани иттилоот, мутаассифона
натавонистанд, нақши муассире дошта бошанд. Талаботҳои мардумро шабакаҳои телевизионӣ
бароварда наметавонанд. Ҳодисаву рӯйдоди муҳиме, ки дар Тоҷикистон рух медиҳанд,
тавассути телевизионҳои ватанӣ намоиш дода намешавад. Ҳоло он ки ин ҳодисаву рӯйдод мардумро нигарон кардааст. Аммо тазодро бубинед, ки ин ҳодисаву рӯйдодҳои дохили кишвар тавассути
шабакаҳои телевизионии Русия ва ғайра пӯшиши хабарӣ дода мешаванд. Телевизионҳои мо дар бораи ҳалоки ҳайвонот, садамаи автомобилии кадом як кишвари хориҷӣ ва ё қатлу кушторе, ки дар Сурияву Ироқ рух
медиҳанд, иттилоот пахш мекунад, аммо рӯйдодҳои дохили кишвар сарфи
назар мешаванд. Иттилооте, ки аз телевизионҳои мо пешниҳодмешаванд, бештар расмиян
ва ба намоиш додани барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ амсоли рақсу суруду бозӣ маҳдуд шудаанд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон гуфт, ки тамошои шабакаҳои
телевизионии хориҷӣ маънои бовар доштан ба ин шабакаҳост. Онҳо фақат ба иттилооти
алтернативӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

More From Author

You May Also Like