Ба гуфтаи вазири хориҷаи Бритониё, кишварҳои узви гуруҳи мавсум ба “Дустони Сурия” нақше барои Башшор Асад дар ояндаи сиёсии Сурия қоил нестанд. Амрико ва муттаҳидонаш талош мекунанд, ки шароити ҳузури мухолифони Башшор Асад дар нишасти “Женева 2”- ро фароҳам кунанд.
Дар иттилоъияе, ки рӯзи сешанбе (22-юми октябр) дар нишасти “Дустони Сурия” дар Лондон мунташир шуд, омадааст: “Мо аз Эътилофи миллӣ (Сурия) мехоҳем, дар раванди (конфронси) “Женева 2” ширкат кунад.” Дар баёнияи поёнии ин нишаст ҳамчунин навишта шудааст: “Мо ҳам бар ин назарем, ки бо ташкили ҳукумати интиқолӣ (дар Сурия), Асад ва касоне, ки дасташон ба хун оғуштааст, нақше дар Сурия ифо нахоҳанд кард.”
Ба гуфтаи Виллиам Ҳег, вазири хориҷаи Бритониё хуруҷи Башшор Асад аз доираи қудрат дар Сурия дигар пешшарти ширкат дар конфронси “Женева 2” нест, балки “натиҷаест, ки мо аз ин нишаст интизор дорем.”
Намояндагони 11 кишвари ғарбӣ ва арабӣ ва намояндагони “Шӯрои милли мухолифони Сурия” дар нишасти рӯзи сешанбеи “Дустони Сурия” мавсум ба “Лондон – 11” гирди ҳам омаданд. Вазирони хориҷаи Амрико, Бритониё, Фаронса, Арабистони Саудӣ, Туркия, дипломатҳои баландпоя аз Қатар, Миср ва Имороти муттаҳидаи арабӣ аз ҷумлаи ширкаткунандагон буданд.”
Вазири хориҷаи Иёлоти муттаҳида дар ин нишаст таъкид кард, ки дар нишаст “Женева 2” боист аз ҳар ҷиноҳи мухолифин, як ҳайати намояндагӣ ҳозир бошад. Ба иддаъои Ҷон Керрӣ муҳим аст, ки ҷиноҳҳои миёнарави мухолифи Башшор Асад ҳамсадо шаванд.
Талош барои ҷалби ризоияти мухолифон
“Дустони Сурия” талош мекунанд бо рад кардани нақшофаринии Асад дар ояндаи сиёсии Сурия, мухолифони вайро ба ширкат дар конфронси ёдшуда тарғиб кунанд.
Шӯрои миллии мухолифони Сурия ба раёсати Аҳмад Ҷабро, ки аз сӯи кишварҳои ғарбӣ низ ба расмият шинохта мешавад, эълон кардааст, ки танҳо дар сурате дар нишасти “Женева 2” ширкат хоҳад кард, ки ҳадафи конфронс халъи қудрат аз Башшор Асад бошад.
Он гуна, ки Лоран Фабиус, вазири хориҷаи Фаронса дар Порис эълон кард, ташкили ҳукумати интиқолӣ барои Сурия яке аз аҳдофи аслии ин нишаст аст, ҳукумате ки аз ҳама ихтиёроти иҷроӣ бархурдор бошад.
Ин дар ҳолест, ки Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ахиран дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизионии “Алмайодин” (майдонҳо)-и лубнонӣ аз омодагии худ барои номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда дар Сурия хабар дод. Вай дар ин мусоҳиба дар мавриди муваффақияти сулҳи “Женева 2” низ ибрози тардид кард.
Ба эътиқоди Асад: “Ҳанӯз пурсишҳои бепосухи фаровоне вуҷуд дорад”, ба таври мисол, ҳанӯз мушаххас нест мухолифони хориҷнишин намояндаи чи касоне ҳастанд: “Мардуми Сурия ё кишварҳое, ки аз мухолифон ҳимоят мекунанд.” Режими Асад пеш аз ин омодагии худ барои ширкат дар нишасти “Женева 2”-ро талвиҳан эълон карда буд.
Конфронси мавсум ба “Женева 2” дар мавриди буҳрони Сурия қарор буд авоили тобистони соли ҷорӣ (2013) баргузор шавад. Ихтилофи ширкаткунанд ва ноумедӣ аз шаклгирии тавофуқи ниҳоӣ, аммо баргузории ин нашастро то кунун ба таъхир андохтааст. Чанде пеш Набил Аларабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи араб эълон кард, ки ин конфронс рӯзи 22 ва 24-уми ноябр дар Женева баргузор мешавад.
Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи Созмони милали ва Иттиҳодияи араб барои ҳалли буҳрони Сурия дар ҳоли ҳозир ба кишварҳои мухталифи арабӣ сафар мекунад, то ҳимояти ин кишварҳо аз нишасти Женеваро ҷалб кунад.
Манбаъ: Хабаргузории Олмон