Categories Ахбори рӯз

Баъди суҳбати М. Кабирӣ бо мақомот тахриби дафтари вилоятии ҲНИТ муваққатан мутаваққиф шуд

Шоми дирӯз, баъди суҳбати Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ бо мақомоти вилояти мазкур тахриби дафтари вилоятии ҳизб то имрӯз мутаваққиф шуд. Шоми дирӯз, 18-уми июн Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва вакили МН дар робита ба қазияи тахриби дафтари вилоятии ҳизб, ки дар микрорайони 20 дар назди масҷиди “Нури Ислом” воқеъ аст, бо мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хучанд суҳбат карда, бар асоси амри мақомот тахриби дафтарро то имрӯз мутафаққиф намуда буд.
Лозим ба едоварист, ки субҳи дирӯз ҳайати бузурге аз мақомоти вилоят бар асоси қарори шаҳрдории Хучанд ҳамроҳ бо як гурӯҳ аз мардикорон ба дафтари вилоятии ҳизб омада, тақрибан соати 5-и зуҳр тахриби дафтарро аз кандани шиферҳои боми он шурӯъ карданд. Аммо мардикорони овардашуда розӣ нашуданд, ки дар тахриби маркази Ҳизби Наҳзати Исломӣ саҳм бигиранд ва мақомот худ ба болои боми дафтар баромада, кандани шиферҳои боми дафтарро шурӯъ карданд.
Муҳиддин Кабирӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ соати 18:30 ба дафтар расиданд ва баъди суҳбати М. Кабирӣ бо аъзову ҷонибдорони ҳизб ва бо мақомоте, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, вазъ ранги дигар гирифт. Баъдтар роҳбари ҳизб ба тарафи бинои шаҳрдории Хуҷанд ва мақомоти иҷроияи ҳукумати давлатии шаҳри Хучанд раҳсипор шуда, бо чанде аз масъулони вилоят ва шаҳри Хуҷанд мулоқот кард ва дар натиҷа макомот амр карданд, ки тахриби дафтар то фардо мутаваққиф гардад. Интизор меравад, имрӯз гуфтугӯ ва муколама дар робита ба қазияи мазкур сурат бигирад ва масъала роҳи ҳалли худро аз тариқи муколама, бахусус дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ёбад.

More From Author

You May Also Like