nahzat.tj
Мансур Бобохонов, олими шинохтаи тоҷик, имрӯз дар синни 81-солагӣ бо сабаби бемории тӯлонӣ дунёи фониро тарк намуд.
Мансур Бобохонов дар ахири умраш роҳбари Маркази илмиву таҳқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Чанд таҳқиқоти илмии ӯ ба мавзӯи ҳаёт ва фаъолияти тоҷикони бурунмарзӣ бахшида шудаанд.
Мансур Бобохонов 28-уми августи соли 1931 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 1953 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ДДТ) ба итмом расонидааст.
Солҳои 1965 то 1982 декани факултаи таърих ва филологияи ДДТ буд. Аз соли 1998 то 1999 ӯ профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. То соли 2001 дар ҳамин донишгоҳ раҳбарии факултаи таъриху ҳуқуқ ва равобити байналмилалиро ба ӯҳда доштааст.
Ҳайати кормандони хабаргузории «Nahzat» ва ҳафтаномаи «Наҷот» бино бо даргузашти Мансур Бобохонов ва ба наздикону пайвандони ин чеҳраи шинохта ҳамдардӣ баён намуда, дуъогӯи онанд, ки Аллоҳи меҳрубон шомили раҳмати хеш гардонадаш.