Ҳувайдои Абдуллоҳ
nahzat.tj
Имрӯзҳо бисёре аз мусалмонон дар кишварҳои дунё бо қалбҳои дарднок аз амали бади онҳое, ки филми “тавҳиномез” нисбати шахсияти Паёмбар (с)- ро эҷод карданд, ба шур омадаанд. Дар умум тайи чанд соли ахир аз беэҳтиромӣ нисбати муқаддасоти дини Ислом аз тарафи бархе аз муташаддидони ғарбӣ, мардуми мусалмон ранҷ мебаранд. Гоҳ китоби муқаддас Қуръонро ба оташ мекашанду гоҳо дигар муқаддасоти Исломро мавриди таҳқиру мазҳака қарор медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки бо анҷоми ингуна амалҳои зишт нисбати Ислом ва муқаддасоти он на танҳо бедории мусалмонҳо, балки муҳаббат ва бузургии Ислом дар қалбҳои онҳо ҷой мегирад. Зеро бо ингуна амалҳои муғризона инсони оқилу доноро наметавон аз роҳи рост ва ҳақиқат дур сохт. Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки дини Ислом анҷом ва икмоли тамоми динҳои осмонист ва бо омадани он башарият роҳу равиш ва ҳастии худро дар дунё пайдо кардааст.
Дар робита ба чигуна рафтор кардани як мусалмон дар баробари сар задани фитнаҳо ва таҳқир дар баробари муқаддасоти дини Ислом, андешамандони исломӣ нуктаҳоеро мавриди зикр қарор додаанд, ки метавон аз он истифода кард. Пеш аз ҳама фарди мусалмон набояд зери ҳамла ва фитнаҳои беасосу бемантиқи душман худро қарор диҳад. Чунки ҳеҷ нигаронӣ ва тарсе рӯ ба рӯи Ислом ва муқаддасоти он қарор гирифта наметавонад.
Чунки Худованд дар Қуръон ва каломи поки худ таъкид кардааст, ки ҳофиз ва мудофеъи Ислом Худованд аст ва то анҷоми кори дунё боқӣ хоҳад монд. Тавре олим ва донишманди исломӣ дуктур Холид писари Абдурраҳмон дар эътироз ба филми кӯтоҳи эҷодкардаи намояндаи парлумони Ҳоланд, ки нисбати тавҳини Қуръон ва онро “Фитна” ном гузошта буд, баён медорад, ки созандаи ин филм талош кардааст, ки бо равиши қабеҳкорӣ ва нодуруст Қуръонро мавриди ҳамла қарор диҳад.
Шайх Холид баён медорад, ки Қуръон ба ҳифз ва инояти илоҳӣ маҳфуз аст. Маҳфуз ва дур аз ҳар гуна ботили маънавӣ ё ҳиссӣ ва аз назари шаръию моддӣ ғайримумкин аст ҳар гуна тағйир ё табдиле рӯ ба рӯи он шавад. Дар ин росто Шайх Холид далелеро аз фармудаи Худованд мавриди зикр қарор медиҳад, ки : “Касоне ки ба Қуръон куфр карданд вақте барояшон нозил шуд, ҳоло он ки ба ростӣ Қуръон китобест арҷманд. Аз пеши рӯи он ва аз пушти сараш ботил ба сӯяш намеояд, ваҳйест аз ҳакиме сутуда ”, сураи (Фусилат) ояти 41 ва 42.
Дар баробари шахсияти Паёмбар (с) низ чунин метавон гуфт, ки Муҳаммад (с) аз рӯзи таваллуд то риҳлат ба ҳама аҳли кофиру мусалмон маъруф ва маълум буд. Ғайр аз ин бо сифатҳои хоси нубуватии худ тамоми аҳли дунёро тасхир кардааст. Ин дар ҳолест, бештар аз бузургон ва донишмандони Ғарб дар бораи ӯ ва ахлоқу рафтори беҳамтояш суханҳо гуфтаанду ӯро мавриди эҳтиром қарор додаанд. Хусуан бартарии Паёмбар (с) аз ибтидои таваллудаш миёни куфори аҳли Макка ва ҳатто берун аз он шӯҳрат пайдо карда буд, ки бо номҳо ва сифатҳои хуби инсонӣ ӯро садо мезаданд. Пас бо камоли майл метавон гуфт, ки бзургии ӯ низ вобаста ба ҳифзу инояти илоҳӣ вобастагӣ дорад. Чунки Худованд ӯро охирин паёмрасони ваҳй интихоб карда ва ӯро дар беҳтарин мақом ҷой додааст. Ҳамзамон паёми комили Худованд тавассути Ӯ барои дунё расонида шудааст. Пас талошҳои бемаънӣ ва беасоси ингуна афрод, ки мехоҳанд имрӯз шахсияти Паёмбар (с) – ро хадчадор намоянд бефоида ва бемаврид аст. Чунки шахсият ва бузургии Муҳаммад (с) дар олами малакут бо хатти заррин навишта шуда ва ҷойгоҳи бузургеро барои худ касб кардааст.
Аслан то имрӯз ҳар чи нисбати дини Ислом ва муқаддасоти он аз тавҳину таҳқир дида мешавад, савол ба миён меояд, ки чаро мусалмонҳо дар муқобили аҳли китоб ки ба чунин корҳои ношоям даст мезананд, танҳо дифоъ мекунанд ва чизи баде нисбати дин ва мазҳаби онҳо баён намедоранд. Чунки беҳтарин ва бузургтарин вазифаро Худованд барори мусалмон муайян кардааст, ки пеш аз ҳама фарди мусалмон бояд ба Паёмбарони гузашта ва бузургони он эҳтиром қоил бошанд. Аз таърих ва дастоварду бартарии онҳо таълим бигиранд. Худованд паёмбарони зиёдеро дар тӯли таърих барои башарият интихоб ва муаррифӣ намудааст. Ҳамзамон дар бораи саргузашт ва ҳаёти онҳо дар Қуръон мисолҳо овардааст, то бандагон ва мардум аз он ибрат бигиранд. Ҳамин аст, ки мардуми мусалмон ва пайравони дини Ислом инро ба худ иҷоза намедиҳанд, ки нисбати паёмбаре, ки аз ҷониби Худои ӯ интихоб гардидааст, мавриди тавҳин ва таҳқир қарор бигирад.
Балки дар муқобил нисбати шахсияти паёмбарон ва китобҳову муқддасотҳои динии гузашта эҳтиром қоил шуда, аз таърих ва гузаштаи қавмҳо баҳра мегиранд. Ин аст посухи саволе, ки чаро мусалмонҳо дар баробари динҳо ва мазаҳбҳое, ки дини Исломро мавриди тавҳин ва муқаддасоти онро беэҳтиромӣ мекунанд, нисбати муқаддасоти онҳо кореро анҷом намедиҳанд. Ва набояд фаромӯш кард, ки дини Ислом барои пайравонаш ҳамеша муҳаббат, дӯстӣ, рафоқат, бародарӣ ва ҳамбастагиро таълим медиҳад. Пас бояд зикр кард, ки беэҳтиромӣ ва тавҳинҳо нисбати дини Ислом ва муқаддасоти он аз тарафи дигар динҳо ва шахсиятҳо наметавонанд дар муқобили бузургӣ ва бартариву назокатҳои он истодагарӣ кунанд. Чунки ҳар фарди соҳиби ақл ва инсони комил медонад ва то имрӯз донистааст, ки дини Ислом аз инсон чи хоста ва ӯро ба куҷо бурадааст. Пас талошу бадкуниҳо нисбати дини Ислом ва муқаддасоти он наметавонад ҳақиқате, ки солҳост қалбҳои мардумро рӯшану зиндагии онҳоро мунаввар гардонидааст бипӯшонад. Мо ҳам тавфиқ мехоҳем аз Худованд, то ингуна мардумро ба роҳи рост ва ҳақиқат ҳидоят намояд.